Теъдоди гуруснагон дар ҷаҳон афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 13.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид изҳор медоранд, ки агар ин тамоюл идома ёбад, ҳадафи рушди устувори хотима додан ба гуруснагӣ то соли 2030 амалӣ нахоҳад шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Euronews хабар медиҳад.
Теъдоди гуруснагон дар ҷаҳон аз соли 2019 ба далели буҳронҳои марбут ба мушкилоти иқлим, пандемияи коронавирус ва низоъҳои ҷаҳонӣ 122 миллион нафар афзоиш ёфтааст. Дар ин маврид дар гузориши охири «Вазъи амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар ҷаҳон», ки бо иштироки Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид таҳия шудааст, гуфта мешавад.
Тибқи арзёбии коршиносон, соли гузашта дар ҷаҳон то 735 миллион нафар ба гуруснагӣ дучор шудаанд. Дар соли 2019 ин рақам 613 миллион нафарро ташкил медод.
Ҳамчунон Африқо минтақаи аз ҳама зиёд осебдида боқӣ мемонад, ки аз ҳар панҷ як нафар дар қитъа гурусна аст, ки ба ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ ду баробар зиёд мебошад. Дар Осиёи Ғарбӣ ва ҳавзи Кариб гуруснагӣ авҷ гирифт.
Дар маҷмӯъ, тақрибан сеяки аҳолии ҷаҳон ба ғизо дастрасии устувор надоштаанд. Дар айни замон, тақрибан 900 миллион нафар ба норасоии шадид дучор гардидаанд. Дар Осиё ва Амрикои Лотинӣ дар мубориза ба муқобили гуруснагӣ пешравӣ мушоҳида карда мешавад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Euronews








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






