ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.8466 то 12.1500 сомонӣ муқаррар карда шудааст
ДУШАНБЕ, 07.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 10.9205 сомонӣ;
1 евро – 11.8466 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1190 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.9205 то 10.9600 сомонӣ;
1 евро аз 11.8466 то 12.1500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0. 1190 то 0.1215 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».