Вазорати тандурустии Миср аз назорати вазъ бинобар паҳншавии бемории номаълум иттилоъ дод
ДУШАНБЕ, 18.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва аҳолии Миср Холид Абдулғаффор изҳор намуд, ки вазъияти паҳншавии нишонаҳои бемории номаълум дар кишвар таҳти назорат қарор дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.
Вазири тандурустии Миср рӯзи душанбе ба маҳали аҳолинишин омад, то шахсан рушди аломатҳоро дар байни шаҳрвандон омӯзад. Тавре ки Вазорати тандурустӣ рӯзи якшанбе хабар дод, сокинони маҳалӣ аз таби баланд, дарди устухон, қайкунӣ ва чарх задани сар шикоят мекунанд.
Барои омӯзиши шикоятҳо ба маҳали аҳолинишин гурӯҳи кормандон барои расонидани кумаки профилактикию тиббӣ ва назорати эпидемиологӣ фиристода шуд. Беморон санҷиши зарурӣ супорида, мутахассисон намунаи оби нӯшокиро барои ташхис гирифтанд. Мувофиқи иттилои вазорати тандурустӣ, зарурати ба беморхона хобонидани одамон ба миён наомадааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






