Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Свердловски Русия ҳамкориро таҳким мебахшанд

Июль 12, 2023 14:33

ДУШАНБЕ, 12.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 11 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Русия бо Губернатори вилояти Свердловск мулоқот намуд. Дар вохўрӣ ҷонибҳо масъалаи таҳкими муносибатҳои минтақавӣ байни вилояти Суғд ва вилояти Свердловскро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раҷаббой Аҳмадзода аснои суҳбат таъкид кард, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардида, дар доираи он ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Тазаккур дода шуд, ки дар вилояти Суғд саноати куҳӣ-металлургӣ ва сабук рушд ёфта, корхонаҳои азими саноатӣ фаъолият доранд. Имкониятҳо барои коркард ва истеҳсоли маъдан, пахта, меваю сабзавот, доруворӣ, техникаи маишӣ фаровон буда, соҳибкорони тоҷик омода ҳастанд, ки бо сармоягузорони рус ҳамкориро густариш бахшанд.

Губернатори вилояти Свердловск робитаҳои иқтисодиро аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба арзёбӣ карда, омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, омода намудани омӯзгорон барои мактабҳои русзабон изҳор намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 12, 2023 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад