Қариб дар тамоми қаламрави Фаронса сатҳи баланди хатари иқлимӣ эълон шудааст
ДУШАНБЕ, 25.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомот сатҳи баланди хатари иқлимиро бинобар сабаби гармӣ ва раъду барқ аз 96 департаменти континенталии давлат дар 81-тои он эълон намуданд — ин рекорд аз лаҳзаи ҷорӣ шудани миқёси хатари зуҳуроти табиӣ сабт гардидааст. Тавре «Арменпресс» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус радиои FranceInfo хабар додааст.
Зимнан обуҳавошиносонро ба ҷуз ҳарорати баланд раъду барқи шадид бо вазидани боди сахт ба ташвиш меоранд.
Дар робита ба ин дар 25 департаменти давлат сатҳи «норанҷӣ » эълон шудааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Арменпресс»








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






