Аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон 171 ҳуҷҷати иҷозатдиҳию иҷозатномадиҳӣ дода шуд

Август 17, 2023 13:51

ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор 171 ҳуҷҷати иҷозатдиҳию иҷозатномадиҳӣ дода шуд. Аз ҷумла, 1 иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти гаравхона, 3 иҷозатномаи фаъолияти бозии лото,  12 иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ ба ширкатҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ, 72 иҷозатнома барои хариду фурӯши маснуоти заргарӣ, 30 шаҳодатнома барои гузаронидани лотереяҳо ва 53 шаҳодатнома барои сохтани маснуоти заргарӣ, дандонҳо аз металлҳои қиматбаҳо дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур иттилоъ доданд.

Инчунин дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ» ба 140 нафар муроҷиаткунанда ҳуҷҷати иҷозат барои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ дода шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 17, 2023 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5863 то 9.6100 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1160 то 0.1189 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0086 то 11.0600 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5981 то 9.6300 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст