БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт 740 иншоот ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 06.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ашт бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти гуногун идома дошта, ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 740 иншоот ба истифода дода мешавад. Аз ҷумла, дар соҳаи саноат бунёди силсилаи корхонаҳои хурду бузург ба нақша гирифта шуда, имрӯзҳо дар бархе аз онҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Тавре хабар дода мешавад, дар ноҳияи Ашт соҳаи саноат рушд ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол аз сол бештар мегардад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давоми шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 219 миллиону 211 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 131 миллиону 317 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз 17 намуди асосии маҳсулоти саноатии дар ноҳия истеҳсолшаванда дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли 16 номгӯй зиёд гардидааст.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо ҷараёни корҳои сохтмони корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла коргоҳи консервабарорӣ ва сардхонаи замонавӣ дар деҳоти Шодоба ва фабрикаи ресандагӣ шинос гардида, таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаи вусъати корҳои сохтмонӣ ва зиёд намудани шумораи сохтмончиён дар иншооти саноатӣ равона намуд.
Дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт бинои таваллудхона барои 10 кат сохта шуда, тибқи иттилои масъулин, корҳои сохтмонӣ қариб 85 дарсад иҷро шудаанд. Иншооти мазкур бо харҷи 5 миллиону 190 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Фонди хайриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бунёди таваллудхонаҳо дар деҳоти дурдаст масъулинро вазифадор намуд, ки иншооти мазкур бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурии тиббӣ таъмин карда шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






