БА ПЕШВОЗИ 32- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Хоруғ Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои вилоят ба фаъолият шуруъ намуд

Август 20, 2023 10:24

ДУШАНБЕ, 20.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  якчанд иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, бо иштироки роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хоруғ дар маркази вилоят баъд  аз васлу насби таҷҳизоти муосир Корхонаи воҳиди давлатии Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои вилоят низ ба кор дароварда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Баъди танаффуси тӯлонӣ КВД Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои вилоят ба кор оғоз намуд. Дар ибтидои солҳои 90-ум матбааҳои вилоят чун дигар корхонаҳои истеҳсолӣ муфлис шуда,  фаъолияташро қатъ намуд. Ниҳоят бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои корхона навсозӣ ва бо дастгоҳҳои муосири чопӣ таъмин гардида, дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар баробари дастрас намудани дастгоҳҳои муосири чопӣ корхона имконият пайдо намуд, ки аз ин ба баъд рӯзномаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар ин матбаа ба нашр расонад. То ин муддат табъу нашри рӯзномаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар шаҳри Душанбе амалӣ мешуд. Барои кам кардани хароҷот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши муассисаи навтаъсиси истеҳсолӣ дар ин самт муассир арзёбӣ мегардад.

Нашри рӯзномаҳо асосан тариқи дастгоҳи «Роланд 200»-и истеҳсоли давлати Олмон амалӣ шуда, ин дастгоҳ бо сармояи қариб 500 ҳазор сомонӣ аз тарафи ҶДММ «Ноширон»- и шаҳри Душанбе тариқи шартнома дастраси матбааҳои вилоят гардид. Дастгоҳи мазкур имконият дорад, ки дар баробари чопи рӯзномаву маҷалла инчунин чопи китобҳои калонҳаҷмро ба таври маъмулӣ ва ранга ба нашр расонад.

Тавассути дастгоҳи мазкур дар баробари чопи рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» ҳамчунин нашри ҳафтаномаи шаҳрию ноҳиявӣ амалӣ мешавад.

Дар маросими ба истифода супоридани Матбааи истеҳсолӣ ҳамчунин дастовардҳои соҳаи табъу нашри шаҳру ноҳияҳои вилоят ба намоиш гузошта шуд.

 АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Август 20, 2023 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бохтар беш аз 260 иншооти ҷашнӣ бунёд карда мешавад
Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен зиёда 10 километр роҳҳои дохили маҳаллаҳо мумфарш гардид
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир мегардад
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон беш аз 17 миллиард сомониро ташкил медиҳад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳоти Хуррамзамини ноҳияи Данғара муассисаи томактабӣ барои 300 кӯдак бунёд карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар шаш моҳ 10,6 миллион сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст
Байни вазоратҳои адлияи Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод
Барои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хобгоҳи 10-ошёна сохта мешавад