БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон бунёди беш аз 6 ҳазор иншоот дар назар аст
ДУШАНБЕ, 16.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёд ва навсозии 6260 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус 15 август зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар 1447 бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Инчунин дар назар аст, ки имсол дар вилоят 1367 иншоот бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.
Дар вилоят 43 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 838,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят 50,1 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки 45,6 миллион доллари он сармояи мустақим мебошад.
Дар маҷмуъ, ҳаҷми сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти вилоят 1 миллиарду 544,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 1 миллиарду 474,5 миллион доллараш сармояи мустақими хориҷӣ мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд






