Байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва Ассамблеяи умумиҷаҳонии ҷавонони мусалмон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 04.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассамблеяи умумиҷаҳонии ҷавонони мусалмон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.
Санади ҳамкорӣ 2 август дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ зимни вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Ассамблеяи умумиҷаҳонии ҷавонони мусалмон имзо гардид.
Тазаккур дода шуд, ки бо шарофати сиёсати оқилонаи пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолӣ мамлакати мо тавонист бо 173 давлати олам ва зиёда аз 55 ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ муносибатҳои хуби ҳамкорӣ амалӣ намояд.
Ин гуна принсип дар муносибатҳои байналмилалӣ ба сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш имкон дод, ки бо ҳамаи созмонҳо ва сохторҳои давлатие, ки дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш фаъолият мебаранд, муносибатҳои расмӣ дошта бошад.
Дар ҳошияи вохӯрӣ оид ба паҳлуҳои мухталифи ҳамкории минбаъда ибрози андеша шуда, санади ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ба имзо расонида шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






