Бар асари заминларза дар шарқи Чин 126 бино фурӯ рехтаанд
ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари заминларзаи 5,5- дараҷагӣ, ки 6 август, соати 02:33 ба вақти Пекин дар музофоти Шандуни шарқи Чин ба амал омад, 21 нафар зарар диданд. Дар ин хусус идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят иттилоъ медиҳад, хабар додааст АБИ «Казинформ».
Ба ҳолати соати 8:00 ба вақти Пекин дар минтақаи заминларза 21 нафар ҷароҳат бардошта, тақрибан 126 бино фурӯ рехтаанд.
Тибқи иттилои маркази сейсмологии Чин, пас аз заминларзаи шадид дар ноҳияи Пинюани шаҳри Дечжоуи музофоти Шандун беш аз 50 пасларзаҳо сабт шудаанд.
Мақомоти вилоят чораҳои вокуниш ба ҳолати изтирориро оғоз намудаанд. Ба маркази заминларза гурӯҳҳои сӯхторнишон ва наҷотдиҳӣ равона шудаанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АБИ «Казинформ»








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






