Бар асари заминларза дар шарқи Чин 126 бино фурӯ рехтаанд

Август 7, 2023 12:45

ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Бар асари заминларзаи 5,5- дараҷагӣ, ки 6 август, соати 02:33 ба вақти Пекин дар музофоти Шандуни шарқи Чин ба амал омад, 21 нафар зарар диданд. Дар ин хусус идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят иттилоъ медиҳад, хабар додааст АБИ «Казинформ».

Ба ҳолати соати 8:00 ба вақти Пекин дар минтақаи заминларза 21 нафар ҷароҳат бардошта, тақрибан 126 бино фурӯ рехтаанд.

Тибқи иттилои маркази сейсмологии Чин, пас аз заминларзаи шадид дар ноҳияи Пинюани шаҳри Дечжоуи музофоти Шандун беш аз 50 пасларзаҳо сабт шудаанд.

Мақомоти вилоят чораҳои вокуниш ба ҳолати изтирориро оғоз намудаанд. Ба маркази заминларза гурӯҳҳои сӯхторнишон ва наҷотдиҳӣ равона шудаанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АБИ «Казинформ»

Август 7, 2023 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид