БОЗИҲОИ II ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ. Варзишгарони тоҷик ба гирифтани 13 медал мушарраф шуданд
ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои 2-юми кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо 13 медал (1 тилло, 3 нуқра, 9 биринҷӣ) дар байни 22 давлати ҷаҳон мақоми ҳаштумро гирифт. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 132 варзишгар аз 13 намуди варзиш муаррифӣ намуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиш АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Ягона медали тиллоро барои Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур Меҳроҷ Суфиҷонов дар вазни то 48 кг ба даст овард. Муштзани тоҷик Меҳроҷ Суфиҷонов дар марҳилаи ниҳоӣ варзишгари қирғиз Зафарбек Комиловро мағлуб намуд. Ҳамчунин Анӯшервон Фозилов, муштзани дигари тоҷик дар вазни 51 кг дар ин рӯз соҳиби медали нуқра шуд.
Қабл аз ин аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи муштзанӣ Ҳангома Исоева байни духтарон дар вазни то 57 кило, байни писарон Бузургмеҳр Иксанов (-54 кг), Рустамҷон Ашӯров (-67 кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86 кг) ва Руслан Федорин (-92 кг) дар рақобатҳо соҳиби медали биринҷӣ шуда буданд.
Дар баробари ин дар бозиҳои варзишии мазкур ҷудокори тоҷик Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 55 кило соҳиби медали нуқра шуда, Мадина Қурбонзода дар вазни то 48 кило мақоми сеюмро касб намуд.
Дар сабқати гӯштини тарзи озод Мустафо Аҳмадов дар вазни то 70 кило ва Сомонҷон Икромов дар вазни то 79 кило- ҳар ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Як медали биринҷии дигарро барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон Асламҷон Азизов дар риштаи гӯштини юнону румӣ дар вазни то 60 кило соҳиб шуд.
Дар рӯзи охири мусобиқа варзишгари тоҷик Деваштич Убайдӣ барандаи медали нуқра аз риштаи самбо шуд. Деваштич дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа бо сабаби шикастани қабурғааш натавонист барои медали тилло мубориза барад. Ин сеюмин медали нуқраи Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур маҳсуб мешавад.
Ба ин тартиб дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо гирифтани 13 медал дар Бозиҳои 2-юми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Беларус дар мақоми ҳаштум қарор гирифт.
Дар садри ҷадвал аз рӯи шумораи медалҳо аввал дастаи мунтахаби Русия (288 медал), баъдан дастаи мунтахаби Беларус (236 медал) ва дастаи мунтахаби Узбекистон (106 медал) қарор гирифтаанд.
Бояд гуфт, ки Бозиҳои 2-юми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 4 то 13 август дар 11 шаҳри Беларус бо ҳузури 2200 варзишвар аз 22 давлати ҷаҳон баргузор шуданд. Мусобиқаи мазкур аз рӯи 20 намуди варзиш доир гардид.
Дар маросими анҷоми бозиҳо Беларус эстафетаи Бозиҳои кишварҳои аъзои ИДМ-ро ба Озарбойҷон супурд. Ҳамин тариқ, бозиҳои 3-юми ИДМ соли 2025 дар шаҳри Ганҷа баргузор мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






