ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН-2023. Ғолибони бозиҳои даври 16-ум байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд

Август 11, 2023 18:20

ДУШАНБЕ, 11.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. То анҷоми марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои Лигаи олӣ ҳамагӣ ду даври дигар боқӣ мондааст. Мубориза барои гирифтани панҷгонаи аввали ҷадвал ва ҳуқуқи мондан дар Лигаи олии чемпионат идома дорад, хабар медиҳад  шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон. 

9 август ду  вохӯрии даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол баргузор  шуданд. Дастаҳои футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанда  ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  дар ин давр ғалаба намуданд. Дар бозиҳои дигари даври 16-ум дастаи  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби  калон ба  муқобили дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  зафар ёфт.  Дастаи   «Хатлон»-и шаҳри  Бохтар  дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлобро шикаст дод. Бозии дастаҳои футболи  «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор  ва КМВА дар шаҳри Душанбе мусовӣ анҷом ёфт.

Натиҷаи бозиҳои даври 16-уми Лигаи олӣ:

«Хатлон» 2:1 «Равшан»

КМВА 0:0 «Ҳосилот»

«Истиқлол» 5:0 «Регар-ТадАЗ»

«Кӯктош» 4:0 «Файзканд»

«Хуҷанд» 4:3 «Эсхата»

Хотиррасон мешавем, ки  пас аз даври 16-уми Лигаи олӣ ҳоло дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   бо 33 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад.

Бозиҳои даври 17-уми Лигаи олӣ:

12 август | 17:00

«Ҳосилот» – «Кӯктош»

«Эсхата» – «Хатлон»

13 август | 17:00

«Файзканд» – «Истиқлол»

«Равшан» – КМВА

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 11, 2023 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд