Дар арафаи Рӯзи дониш ба ятимони кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид

Август 31, 2023 17:44

ДУШАНБЕ, 31.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи дониш аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба 45 нафар ятими кулл, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум шудаанд, либосҳои мактабӣ тақдим шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Иқдоми мазкур дар партави сиёсати ятимпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.

Дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат, ки ба фароҳам овардани шароити зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст, табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус ятимону бепарасторон авлавият дошта,  мавқеи хосро сазовор ҳастанд.

Ятимони кулл ба Пешвои маҳбуби миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дастгириву ғамхориҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, азм намуданд, ки илмҳои муосирро аз бар менамоянд, донишманду бомаърифат ба воя расида, ба арзишҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ арҷ мегузоранд ва ба халқу Ватани хеш хизмати содиқона менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Август 31, 2023 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид