Дар Душанбе вохӯрии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 30.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар шаҳри Душанбе дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал вохӯрии ҳузурии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вохӯрӣ аз ду ҷаласаи панелӣ иборат буда, масъалаҳои «Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ», «Ташаббусҳои экологии Осиёи Марказӣ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор»-ро мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода, вобаста ба мавзуъҳои мазкур меҳмонону иштирокдорон мубодилаи афкор менамоянд.
Доир ба масъалаҳои баррасишаванда ва вобаста ба андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби иштирокчиён тавсияҳои ҳамкорӣ дода шуда, ба унвони сарони давлатҳо изҳороти аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ қабул мешавад.
Инчунин дар назар аст, ки аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ ва ҳайати расмии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон дар доираи баргузории чорабинӣ бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва маҷмааи «Кохи Наврӯз» шинос шуда, дар Фестивали «Оши палав» ва барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» иштирок намоянд.
Сафари кории меҳмонон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 рӯз идома ёфта, 15 сентябр аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ бо Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд






