Дар Истаравшан бинои нави Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 20.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан бинои нави Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор бунёд мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.
Собиқ бинои мактаб-интернат соли 1957 сохта шуда, аз сабаби фарсуда шудан ва ба талабот ҷовобгӯ набудан аз нав соли 2010 таъмиру таҷдид гардид. Дар айни ҳол бинобар фарсуда шудани бинои Мактаб-интернат бинои наву замонавии ба талаботи замон ҷавобгӯ бинёд гашта истодааст.
Тибқи иттилои директори мактаб-интернат, баъди анҷом ёфтани сохтмони бинои мазкур муассиса метавонад зиёда аз 150 нафар кӯдакону наврасонро ба таълим фаро гирад.
Бинои мактаб-интернат бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, инчунин дар шафати бинои нав толори варзишӣ бунёд мегардад.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






