Дар Истаравшан бинои нави Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор бунёд мешавад

Август 20, 2023 16:10

ДУШАНБЕ, 20.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан бинои нави Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор бунёд  мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.

Собиқ бинои мактаб-интернат соли 1957 сохта шуда, аз сабаби фарсуда шудан ва ба талабот ҷовобгӯ набудан аз нав соли 2010 таъмиру таҷдид гардид. Дар айни ҳол бинобар фарсуда шудани бинои Мактаб-интернат бинои наву замонавии ба талаботи замон ҷавобгӯ бинёд гашта истодааст.

Тибқи иттилои директори мактаб-интернат, баъди анҷом ёфтани сохтмони бинои мазкур муассиса метавонад зиёда аз 150 нафар кӯдакону наврасонро ба таълим фаро гирад.

Бинои мактаб-интернат бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, инчунин дар шафати бинои нав толори варзишӣ бунёд мегардад.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан

Август 20, 2023 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ РУШДИ РОҲҲОИ ОБОДИ ДЕҲОТ. Дар доираи он ба маблағи 123,4 миллион сомонӣ роҳҳои мошингард таъмиру барқарор карда шуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Норак бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ДАРКИ АМИҚИ МОҲИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. Он шарти муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат аст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе лабораторияи нави «Электроникаи саноатӣ» кушода мешавад
Дар Муъминобод бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Раиси шаҳри Шероз бо имконоти муосири таълимию илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши бошукуҳи адабӣ-фарҳангӣ доир гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар ин давра дар Тоҷикистон шумораи мактабҳо, хонандагон ва омӯзгорон афзоиш ёфт