Дар шаҳри Душанбе Форуми III шаҳрии варзишгарони пойтахт баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми III шаҳрии варзишгарони пойтахт баргузор гардид. Форуми мазкур ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ва 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ бахшида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар форуми мазкур роҳбарияти шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, намояндагони сохторҳои соҳаи варзиш ва мураббиёну варзишгарон иштирок доштанд.
Дар форум вобаста ба дастовардҳои соҳаи варзиши мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфта шуд.
Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ва Раиси шаҳри Душанбе ба соҳаи варзиш зиёд гардидааст. Ҳамин аст, ки маҷмааву толорҳои зиёди муосири варзишӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, ки дар рушди бештари соҳа заминаи хуб мегузорад.
Зимни форум тазаккур дода шуд, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тамоми санадҳои дахлдор ба хотири таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим амалӣ гардида, тараққӣ додани соҳаи варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҳсуб мешавад, зеро ҳар қадаре, ки наврасону ҷавонон солиму сиҳатманд бошанд, давлату миллат низ ҳамон андоза неруманду тавоно ва қудратманд мегардад.
Инчунин намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, дар панҷ соли охир дар пойтахт чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар шашмоҳаи аввали соли 2023 7 маротиба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд. Дар ин мусобиқаҳо 1303 нафар варзишгарон аз 127 давлати ҷаҳон ба пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе омаданд.
Ҳамзамон бо мақсади солимгардонӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш аз соли 2017 инҷониб дар шаҳри Душанбе 312 майдончаи варзишӣ ва ҳамзамон шумораи зиёди боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо ва дигар инфрасохтори соҳаи варзиш ба истифода дода шудаанд. Ин ҳама аз дастгирию ғамхориҳои Раиси шаҳри Душанбе нисбат ба насли ҷавону ояндасози миллат гувоҳӣ медиҳад.
АКС аз манбаъҳои боз








«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид






