Дар «Тоҷикстандарт» оид ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ чун омили таъмини бехатарии маҳсулот машварат доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо субъектҳои истеҳсоли обҳо ва нӯшокиҳои ғайриспиртӣ дар мавзуи «Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ-омили таъмини сифат ва бехатарии маҳсулот» машварат баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт» хабар медиҳад.
Дар машварат гуфта шуд, ки корхонаҳои соҳаи истеҳсолӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат намуда истодаанд. Ҳоло бо истифода аз имконият даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият намуда, зиёд гаштани номгӯи маҳсулот, аз ҷумла обҳо ва нӯшокиҳои ғайриспиртӣ дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ аз ин шаҳодат медиҳад.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории соҳаи истеҳсолӣ ва дар ин замина рушд додани истеҳсоли ватанӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои давлатӣ ҷиҳати мусоидат ба воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва дар амал татбиқ гашта истодаанд, ки ба таъмини сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолоти ватанӣ мусоидат менамоянд. Масъалаи таъмини сифат ва бехатарии истеҳсоли маҳсулот яке аз самтҳои фаъолияти Агентӣ ба шумор рафта, пеш аз ҳама, ба маърифати ҳуқуқии истеҳсолкунандагони маҳсулот низ вобаста аст.
Дар машварат мутахассисон ва масъулин дар робита ба талаботи ҳуҷҷатҳои меърии техникӣ оид ба бехатарии обҳо ва нӯшокиҳои ғайриспиртӣ сухан гуфтанд. Ҳамчунин мутахассиси самти метрологияи Агентӣ ҷиҳати талабот ба миқдор ва бастубанди маҳсулоти хӯрокворӣ ба истеҳсолкунандагон дақиқияти масъалаи мазкурро фаҳмонид.
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»








БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд






