Фаъолияти мақомоти судии Тоҷикистон ба таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва манфиати давлат равона шудааст

Август 14, 2023 16:51

ДУШАНБЕ, 14.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пеш аз ҳама, ба ҳифзи арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон равона гардидааст. Расму оинҳои миллӣ ва ҷашну маросим дар ҳаёти фарҳангӣ, маънавӣ ва моддии халқамон таърихи басе тӯлонӣ дошта, нақши онҳо ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ дар тарбияи насли наврас хеле муҳим мебошад. Аз ҳамин нуқтаи назар бояд дарк намуд, ки танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаҳову маросими динӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ дорои аҳамияти маънавиву тарбиявӣ аст, — чунин изҳор кард Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти судҳои мамлакат давоми 6 моҳи соли равон.

Дар идомаи мавзуъ ба хабарнигорони ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби судҳо дар давраи ҳисоботӣ 419 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 419 шахс баррасӣ шуда, аз ин шумора ба 418 шахс ба маблағи умумии 2 млн 114 ҳазору 332 сомонӣ ҷарима татбиқ шудааст. Аз ин шумора 176 парвандаи маъмурӣ дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ шуда, бо мақсади пешгирии чунин қонуншиканиҳо 170 таъйиноти хусусӣ қабул гардид.

Дар шашмоҳаи аввали соли равон бинобар риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 9 ҳазору 761 парванда баррасӣ шуда, нисбат ба 8 ҳазору 835 шахс қарор қабул шудааст. Аз ҷумла, нисбат ба  5 ҳазору 657 нафар ҷарима ба маблағи умумии 11 миллиону 552 ҳазор сомонӣ таъйин шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо иштироки судяҳои судҳои зинаҳои гуногун давоми шаш моҳ 26 барномаи «Маърифати ҳуқуқӣ»-и радиои «FM-Ховар» таҳия, сабт ва пахш шудааст, ки аз ҷониби шунавандагони радио хеле хуб пазируфта шудааст.

Таъкид шуд, ки фаъолияти мақомоти судии мамлакат ба таъмини адолати иҷтимоӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат равона шудааст.

А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 14, 2023 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд