ФУТБОЛ. 24 сентябр марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон-2023 оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 31.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асоси нақшаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон 24 сентябр бозиҳои марҳилаи сеюми мусобиқоти чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол оғоз мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба далели он ки бозии мавқуфгузоштаи даври сенздаҳум байни бошгоҳҳои КМВА ва «Истиқлол» то ҳол баргузор нашудааст (бозӣ моҳи сентябр баргузор мешавад), мавқеи ҷойгиршавии дастаҳои панҷгонаи поёнии чемпионати Тоҷикистон-2023 маълум нест.
Ҳангоми тартиб додани тақвими марҳилаи сеюми чемпионати Тоҷикистон-2023 бошгоҳҳо мувофиқи ҷойи ишғолкардаи худ рақамҳои силсилавӣ мегиранд. Тақвими марҳилаи сеюми чемпионат бо истифода аз ҷадвали Бергер тартиб дода мешавад.
Дар марҳилаи сеюми чемпионати Тоҷикистон дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мегарданд. Имтиёзҳои дар ду марҳила бадастоварда нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои қисми аввал панҷ бошгоҳи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр байни ҳам бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1 то 5-и ҷадвал мубориза мебаранд. Панҷ дастаи боқимонда дар гурӯҳи «Б» дар алоҳидагӣ бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 6 то 10-ум рақобат менамоянд. Дар охири мавсим ду дастаи поёнӣ ба Лигаи якум меравад. Дар маҷмуъ ҳар даста дар чемпионати Тоҷикистон-2023 22-бозигӣ анҷом медиҳад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид






