ФУТБОЛ. Дар даври 16-уми Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон дастаи «Хатлон» ба «Равшан» ва «Истиқлол» ба «Регар-ТадАЗ» ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8 август се вохӯрии даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар ин даври мусобиқа бо ҳисоби калон бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода зафар ёфта, дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлобро шикаст дод. Дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва КМВА дар шаҳри Душанбе бозиашонро мусовӣ анҷом доданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар бозии даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон-2023 бо ҳисоби 2 бар 1 бар дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб пирӯз шуда, силсилаи ҳафт вохӯрии бебарори худро қатъ намуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар дар ҳузури 2 000 нафар мухлис доир гардид. Голҳоро дар ин бозӣ аз ҳайати дастаи «Хатлон» Крис Эммануэл Какоу дар дақиқаи 32-юм ва Тоҳирҷон Тағойзода дар дақиқаи 45+3 ба нишон расониданд. Аз ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ягона голро Ҷозеф Акомади дар дақиқаи 81-ум ба нишон расонид. Аз ҳайати дастаи «Хатлон» – Аҳлиддин Ҳабибуллоев беҳтарин бозингари вохӯрӣ эътироф гардид.
Дар бозии дигари даври 16-ум дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе ба муқобили дастаи «Ҳосилот» –и ноҳияи Фархор мусовӣ- 0 бар 0 бозӣ кард. Аз ҳайати “артишиҳо” – Бакинде Билонг Ҷерард беҳтарин бозингари вохӯрӣ эътироф гардид.
Дар бозии дигари даври 16-уми Лигаи олӣ дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода рақобат нишон додан два бозӣ бо ҳисоби калони 5 бар 0 ба нафъи футболбозони шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Голҳоро дар ин бозии ҷолиб Сенин Себаи дар дақиқаи 28-ум, Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 74-ум, Алиҷони Айнӣ дар дақиқаи 79-ум, Амадонӣ Камолов дар дақиқаи 84-ум ва Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 90+1 ба нишон расониданд.
Беҳтарин бозингари вохӯрӣ аз ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Алишер Ҷалилов дониста шуд.
Хотиррасон мешавем, ки имрӯз бозиҳои дигари даври 16-ум баргузор мегарданд. Дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Эсхата» вориди майдони рақобат мегарданд.
Дар ҷадвали мусобиқа ҳоло дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 33 имтиёз қарор дорад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






