Хонандагони фаъоли шаҳру деҳоти Кӯлоб ба даври дуюми лагери беруназшаҳрии «Шарора» фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 13.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора», воқеъ дар ноҳияи Муъминобод барои гузаронидани таътили тобистонаи мактаббачагони шаҳру деҳоти Кӯлоб барои соли 2023 фаъолият дорад, ки ҳоло дар он даври дуюми мактаббачагон ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.
10 август роҳбарияти шаҳр зимни гусели расмии хонандагони даври дуюм ба Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» бо мактаббачагон суҳбати гарму самимӣ намуда, аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити хубу созгор барои гузаронидани истироҳату фароғат дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ ёдовар шуданд. Ҳамзамон хонандагонро даъват намуданд, ки вақтро ғанимат шуморида, бо ҳамдигар риштаҳои дӯстиро мустаҳкам банданд ва аз ин мавзеъҳо хотироти хуб бардоранд.
Волидайни мактаббачагон аз ин иқдом руҳбаланд гардида, миннатдории хешро ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид изҳор намуданд.
Сипас мактаббачагон бо шароит ва буду бош дар истироҳатгоҳ, фароғат, анвои хӯрокворӣ, макони оббозӣ ва дигар самтҳои фаъолияти истироҳатгоҳ шинос гардиданд.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар даври дуюм беш аз 110 нафар хонандагони фаъолу боистеъдоди шаҳру деҳоти Кӯлоб, кӯдакон аз оилаҳои ба садамаи нақлиётӣ дучоршуда ва оилаҳои камбизоат ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд.
АКС: Бахши матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






