ХУШПОИҚАДАМ. Сафарҳои Сарвари давлат ба рушду ободии навоҳии дурдасти Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшад

Август 26, 2023 17:45

ДУШАНБЕ, 26.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки 15-18 августи соли равон  баргузор гардид, коршиносони Маркази тадқиқоти стратегии назди Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоҳизаҳои худро ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудаанд, ки дар зер пешниҳоди хонандагон мегардонем.

— Сафари Пешвои миллат  ба навоҳии дурдасти мамлакат дар рушду ободии минтақаҳо нақши муҳим мебозад. Ин рӯйдоди муҳим ба пурзӯр шудани талошҳои ҳукумат барои рафъи мушкилот ва камбудиҳои сокинони ин минтақаҳо мусоидат менамояд.

Сафарҳои роҳбарияти мамлакат ва мансабдорони воломақом нишонаи аҳамияти аввалиндараҷа доштани вазъи зиндагӣ ва мушкилоту ниёзҳои мардуми минтақа барои давлат мебошад. Яъне чунин сафарҳо ҳисси боварӣ ва эътимод ба вуҷуд оварда, садоқати сокинони маҳаллиро ба ояндаи дурахшони мамлакат дучанд месозанд.

Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сармоягузоронро барои рушди инфрасохтор ва барномаҳои иҷтимоӣ дар навоҳии дурдаст ҳавасманд месозад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша вобаста ба мушкилот, аз ҷумла дастрасӣ ба роҳҳои босифат, неруи барқ, об, маориф ва тандурустӣ ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъ тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешад. Ташрифи Сарвари давлат ба ҷалби сармоягузорӣ барои ободонӣ ва навсозии ноҳияҳои дурдаст такони ҷиддӣ мебахшад.

Илова бар ин, сафари Пешвои миллат ба рушди сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба ин минтақаҳо мусоидат менамояд. Бо шарофати сафарҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидор ва ҷолибияти ноҳияҳои дурдаст рӯнамоӣ гардида, ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорону сайёҳон тадбирҳо андешида мешаванд. Ин сабаби таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди корхонаҳои маҳаллӣ ва беҳбуди вазъи иқтисодии минтақа мегардад.

Сафари Пешвои миллат ба таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ дар мамлакат низ мусоидат менамояд. Сарвари давлат зимни вохӯрӣ бо сокинони маҳал бо мушкилот, андеша ва ниёзҳои мардум шинос гардида, тадбирҳои судманд меандешанд. Ин барои муколама ва ҳамкорӣ, инчунин муттаҳид намудани кӯшишҳои давлат ва аҳолии маҳаллӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ва расидан ба ҳадафҳои умумӣ замина фароҳам меорад.

Дар маҷмуъ, сафари Пешвои миллат ба навоҳии дурдаст ибтикори созанда ва фаъол барои рушду ободии ин минтақаҳо мебошад. Он ба ҳамбастагӣ, ҷалби сармоя, беҳтар намудани инфрасохтору хадамоти иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдат дар саросари мамлак4ат мусоидат менамояд.

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба корҳои ободонӣ дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз

Сафари навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ дар рушду ободии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақши созанда дорад. Ин сафари таърихӣ рамзи таваҷҷуҳи фаъол ба манотиқи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон мебошад, ки дар он шаҳрвандони меҳнатдӯсту фидокори Ватан зиндагӣ менамоянд. Аз ҷумла, Пешвои миллат зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз иброз намуданд, ки дар марҳилаи 32 соли истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Дарвоз аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 400 миллион сомонӣ равона гардида, дар ин раванд ҳамчунин татбиқи 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 485 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст. Илова бар ин, ҳоло дар ноҳия татбиқи боз 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки аз маблағи умумии онҳо то имрӯз 500 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.

Ҳамчунин вобаста ба ғамхориҳои ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ иброз намуданд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ 477 миллион сомонӣ равона гардидааст. Инчунин давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия татбиқи 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло корҳо дар доираи 6 лоиҳаи дигари сармоягузории давлатӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ бомаром идома доранд.

Зимни сафар ба ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи кунунии аҳолии минтақа ва ҷараёни корҳои ободонӣ шинос гардиданд. Дар ҷараёни сафар Пешвои миллат бо сокинону фаъолони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз вохӯрӣ анҷом дода, андеша, нигаронӣ ва ниёзҳои мардуми минтақаро шуниданд, ки ин аз Президенти мардумӣ будани он кас шаҳодат медиҳад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳияи Дарвоз Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии он барои солҳои 2021-2025 таҳия ва қабул гардидааст, ки дар доираи он иҷрои 108 лоиҳа ба маблағи умумии 405 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи маълумот, то имрӯз 34 лоиҳаи пешбинишуда амалӣ гардидааст, ки ҳамагӣ 34 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Ванҷ барои солҳои 2021 – 2025 амалӣ шуда истодааст. Барнома 116 лоиҳаро ба маблағи умумии 174 миллион сомонӣ дар бар мегирад, ки дар доираи он то имрӯз ҳамагӣ 26 лоиҳа дар ҳаҷми 98 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.

Яке аз ҳадафҳои дигари сафари Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ин баррасӣ ва роҳандозии лоиҳаҳое буд, ки ба рушди инфрасохтор, беҳбуди шароити зиндагӣ ва фароҳам овардани имконияти нав барои мардуми маҳаллӣ нигаронида шудааст. Яъне дар ҷараёни сафар лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои нав, мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ ва дигар инфрасохтори муҳим муҳокима шуданд.

Тибқи маълумоти расмӣ, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти бунёду навсозии роҳҳои мошингард дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 975 миллион сомонӣ амалӣ гардида, то ба ҳол қариб 70 километр роҳҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта, ба истифода супорида шудаанд.

Бо дарназардошти дастгирӣ ва имтиёзҳои мавҷудае, ки аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба соҳибкорон пешниҳод гардидаанд, дар вохӯрӣ бо сокинон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкорони маҳаллӣ ҳимоят намуда, ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки барои рушд додани фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ барномаҳои махсус ва кумаки молии иловагӣ таҳия шавад. Ҳамчунин барои беҳбуди иқтидори иқтисодии минтақа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти ҷорӣ намудани инноватсия ва технологияҳои муосирро таъкид намуданд, ки бунёди чунин шароит дар минтақаи мазкур нишони эҳтироми хоссаи роҳбарияти давлат мебошад.

Бояд гуфт, ки сафари Пешвои миллат ба таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ дар минтақа мусоидат намуд. Сарвари давлат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони қишрҳои гуногуни минтақа мулоқот намуда, ба аҳамияти таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ таъкид намуданд. Ҳамчунин Сарвари давлат аз аҳолии маҳаллӣ даъват ба амал оварданд, ки бо ҳукумати мамлакат ҳамкорӣ намуда, ояндаи осоиштаи насли ҷавони миллатро бо ҳам бисозанд.

Дар маҷмуъ, сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ як лаҳзаи таърихии раванди сиёсати дохилии мамлакат буд, ки талоши давлат барои рушду пешрафти тамоми минтақаҳои онро тасдиқ менамояд. Ин сафар лоиҳаҳо ва ташаббусҳои гуногунеро, ки ба беҳбуди зиндагии мардуми маҳаллӣ ва фароҳам овардани имконияти нави рушд нигаронида шудаанд, таҳрик дод.

Умед ПУДИНАЕВ,
муовини сардори Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тад
қиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Шаҳноза НУСРАТОВА,
мутахассиси Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати дохил
ии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 26, 2023 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Спитамен роҳи пойгоҳи Нов-Саидқурғон-Оқтеппа мумфарш карда мешавад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера ва ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ аз нишонаҳои он аст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии гимназияи №4 сохта мешавад
Дар деҳаи Шули ноҳияи Рашт хати оби тозаи нӯшокӣ кашида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ бо саҳми сокинону соҳибкорон хати оби нӯшокӣ ва полезӣ кашида шуд
Дар шаҳри Кӯлоб 203 иншоот ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Хуҷанд 30 000 метри мураббаъ роҳ мумфарш карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рашт коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ба истифода дода мешавад
Дар Хоруғ мағозаи фурӯши нуриҳои минералӣ ва дорувориҳои зидди ҳашароти зараррасон кушода шуд
Дар Тоҷикистон дар 3 соли охир 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 879 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд аз 950 иншооти ҷашнӣ 518 адади он сохта ба истифода дода шудааст
Барои сохтмони НБО-и «Себзор» аз ҷониби Бонки Олмонии рушд беш аз 44 миллион евро грант ҷудо мегардад