Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Август 8, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 08.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 8-9 август дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои дорои хусусияти пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.  Имрӯз ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентӣ хабар медиҳад.

Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо 20+22 дарҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа, дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона аз 24+29  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа гарм, рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Август 8, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст