Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ доир мегардад

Август 10, 2023 07:30

ДУШАНБЕ, 10.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мегардад.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» соати 11:00 дар маҷлисгоҳи ҶСК «Барқи Тоҷик» гузаронида мешавад.

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нишасти матбуотӣ соати 14:00 баргузор мешавад.

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 ва дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино нишасти матбуотӣ соати 14:00 доир мегардад.

Тибқи нақша, вақти баргузории нишастҳои матбуотӣ дар тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, бо АМИТ «Ховар» мувофиқа мешавад. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04,94-604-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳамарӯза дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма метавонанд маълумотро  оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 аз сомонаҳои вазорату идораҳо дарёфт намоянд.

Август 10, 2023 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд