ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ- АРЗИШМАНДТАРИН ДАСТОВАРД. Президенти Тоҷикистон тавонистанд киштии давлатдории миллиро беосеб ба соҳили мақсуд бирасонанд

Август 25, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 25.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 августи соли 2023 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардида, аз соати 06:45-и субҳ то соати 12:45-и нисфрӯзӣ, расо 6 соат шахсан 87 километр нақбҳои кандашуда, новобаста аз идомаи корҳои сохтмонӣ дар баъзе қисматҳои нақбҳо, газнокии зиёд ва баландиҳои гуногуну релефи мураккабро аз назар гузаронида, бо бунёдкорони ин иншооти аср суҳбат намуданд. Ҳамчун муҳандиси варзида ба корҳои сохтмонӣ баҳо медиҳанду барои беҳтар шудани корҳои сохтмонӣ ва сифати онҳо ба бинокорону масъулон дастуру пешниҳодҳои худро манзур месозанд. Баъди ин хабар бори дигар аҳсан ба Пешвои миллат мехонаму мутмаин мешавам ва таъкид менамоям, ки тамоми дастовардҳои ҷумҳурии азизам-Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ному кору пайкори ҳамин фарзонафарзанди миллат, бузургмарди дунёи сиёсат — Пешвои миллат тавъам мебошанд. Чунин ибрози назар намуд президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар мақолаи хеш бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимиро пешкаши хонандагон мегардонем.

— Қатъи назар аз шароити номусоид ва анбуҳи мушкилоте, ки ибтидои солҳои навадуми садаи бист пешорӯйи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, давлатмарди тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд киштии давлатдории миллиро беосеб ба соҳили мақсуд бирасонанд.

Расидан ба марҳилаи истиқлоли сиёсию давлатӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро ба унвони ҳадяи сарнавишт пазируфтааст, зиндагии ҷомеаи навини тоҷикро ба куллӣ тағйир дода, уфуқҳои тозаи рушду тараққиро боз кушод. Зимнан, тайи таърихи  башарӣ ҷомеа, мардум ва мамлакатҳои сершумори ҷаҳон сари исми Истиқлоли давлатӣ савганди садоқат ба ҷо оварда, дар ин масири саодатбахш ва руҳафзо умрфарсоӣ намудаанд.

Муҳимтар аз ҳама, Истиқлолияти давлатӣ ба унвони ормони таърихӣ, сиёсӣ ва миллӣ сарнавишти миллатро дар замон ва макони мушаххаси таърихӣ рақам зада, ҷомеаро ба сӯйи инкишофу таҳаввул ҳидоят менамояд. Маҳз марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам меоварад, ки миллат афту хез, шикасту рехт, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва билохира қисмати худро  дар тарозуи ақлу виҷдон баркашад ва барои сохтмони давлати навин гомҳои устувор бардорад.

Анқариб аз арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик — Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сию ду сол сипарӣ мешавад, ки бегумон, марҳалаи бунёди давлатдории навин, заминасозии ҳуқуқӣ, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ маҳсуб мешавад.

Маълум аст, ки бо шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи тоҷик соҳиби рамзҳои давлатӣ -Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия гардида, Ватани азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил ва Роҳбари давлати мо- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ташаббускори масъалаҳои марбут ба оби тоза дар сатҳи байналмилалӣ ва наҷотбахши аҳли башар эътироф шуданд. Ба дунболи ин, Истиқлолияти давлатӣ раванди ҳувиятсозии миллиро таҳкиму тақвият бахшида, барои густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои бартараф кардани буҳрони шадиди иқтисодӣ ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷумҳурӣ ба масири рушду тараққиёт ворид гардид. Таҳлилҳо собит мекунанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз соли 2000-ум ба марҳалаи рушд ворид гардида, барномарезиҳои давлатӣ дар заминаи пешрафти иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мунтазам амалӣ гардид. Ҳамчунин давлат дар заминаи фароҳам овардани низоми иқтисоди бозаргонӣ тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, бахусус сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногун иқдомоти заруриро рӯйи даст гирифт. Дар доираи иқдомоти саривақтии давлат пули миллӣ ба унвони муқаддасоти миллӣ ба гардиш даромада, низоми муосири молиявию бонкӣ ташкил гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти аксари созмонҳои бонуфузи иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Тибқи таҳлилу баррасиҳои ихтисосию оморӣ, дар 23 соли охир суръати рушди иқтисодии мамлакат ба ҳисоби миёна ба 7,8 фоиз баробар шуда, даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то зиёда аз 37 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ қариб се баробар коҳиш ёфта, аз 83 дар сади охири соли 2000-ум то 22 дар сад коҳиш ёфт. Аз ҷониби дигар, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ шумораи аҳолии мамлакат аз панҷуним миллион то 10 миллион нафар, яъне 1,8 баробар афзоиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардида, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт. Ба дунболи ин, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба зиёда аз як миллион хонавода, яъне бештар аз 7 миллион нафар шаҳрвандон 129 ҳазор гектар замин ҷудо шуд ва ин раванд то имрӯз босуръат идома дорад.

Маҳз шароити мусоиди Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми иқтисодии аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин пазируфтаро интихоб намуда, ба хотири зина ба зина беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ба тарҳу роҳандозии барномарезиҳои иловагӣ дар заминаи рушди устувори ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат иқдом намуд. Ин буд, ки бо дарназардошти имконияти воқеии молиявӣ, андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат дар мамлакат фақат дар даҳ соли охир 29 баробар ва музди миёнаи меҳнат қариб 28 баробар афзудааст. Аз давраи солҳои 1997 то имрӯз ҳаҷми номиналии маош тақрибан 70 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзоиш ёфтааст. Махсусан дар се соли охир баланд гардидани маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва тибқи чорабиниҳои ислоҳоти музди меҳнат дар ҷумҳурӣ маош ва нафақа давра ба давра ба ҳисоби миёна 15-20 фоиз баланд гардида, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва гузаштан ба истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба ҷумҳурии транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва таъмин намудани дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъати шуғли пурмаҳсулро дар авлавияти сиёсати давлатӣ қарор додаанд. Аз ҳама муҳим, Сарвари давлат ба вуҷуд овардани шароити зиндагии шоиста барои шаҳрвандони мамлакатро ҳамчун ҳадафи олӣ ва стратегии давлат пайгирона дунбол менамоянд.

Роҳбари давлат аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан, масъалаи истиқлолияти энергетикиро ба унвони ҳадафи стратегӣ дунбол намуда, дар ин самт талошҳои зиёде ба харҷ додаанд. Махсусан, тарҳи Роғун ва роҳандозии пружаи бузурги энергетикии аср бо ибтикори Президенти мамлакат амалӣ гардид. Мо хуб дар ёд дорем, ки 29 октябри соли 2016 Президенти мамлакат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон савори булдозери вазнин тӯли беш аз якуним соат, яъне аз соати 10:00-и субҳ то 11:30-и нисфирӯзӣ бо танба намудани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки бояд баландии он 335 метр бошад,  оғоз бахшиданд. Баъди ба нақбҳои обпарто равона намудани маҷрои дарёи Вахш бунёди сарбанди НБО-и Роғун мутобиқи нақша шуруъ шуда, то кунун мунтазам идома дорад. Арзиши корҳои марбут ба бунёди ин сарбанд тақрибан ба 1,9 млрд ва арзиши умумии НБО-и «Роғун» ба 3,9 млрд доллари амрикоӣ баробар аст.

Бояд тазаккур дод, ки маҳз дар давраи аз назари молиявӣ ва иқтисодӣ ҳассос давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ намудани се ҳадафи стратегӣ–таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро пайгирӣ намуда, дар бахши раҳоӣ аз бунбасти иртиботӣ, ки меҳвари кор дар самти саноатикунонии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, муваффақ шуд. Хушбахтона, имрӯз мардуми манотиқи шимолу ҷануб ва шарқу ғарби мамлакат дар ҳама мавсими сол аз тариқи шоҳроҳу терминалҳои замонавӣ иртиботи мустақим доранд. Пайвасти манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ва ҳамвор сохтани роҳу шоҳроҳҳо ҷиҳати бурунрафт ба хориҷи мамлакат боиси рушди хоҷагии халқи мамлакат гардид. Ҳадафи ниҳоӣ-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар ҳоли татбиқ қарор дорад ва дар ин самт корҳо муваффақона идома доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сохтмони давлати дунявӣ ва миллӣ, ки бар асоси тараққиёти илму техника ва саноату энергетика устувор мегардад, устуворона қадам бармедорад. Акнун ҳадафи стратегии сиёсӣ ва иқтисодӣ давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро дар пеш аст: аз марҳилаи аграрӣ-кишоварзӣ ба марҳилаи индустриалӣ-саноатӣ гузаштан ва дар ниҳоят, ба давлати саноатӣ мубаддал кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин нуктаи муҳим ва калидӣ ҳанӯз дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 равшан дарҷ ёфта буд ва Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 давоми мантиқии сиёсати давлатӣ дар ин самт буд.

Мусаллам аст, ки давлат ва ҷомеаи саноатӣ бо донишу маърифати замонавӣ, бунёд ва таҷдиди инфрасохтори иқтисодӣ ва саранҷом амалӣ намудани лоиҳаҳои муҳими давлатӣ сару кор дорад. Давлат, мамлакат ва ҷомеаи саноатӣ, қабл аз ҳама, ба раванди сохтан ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти хурду миёна ва бузурги саноатӣ пайваст аст. Дар ин байн Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба сифати лоиҳаи меҳварии саноатӣ шинохта мешавад, ки чархаҳои он яке паси дигаре ба гардиш медароянду дарёи иқтисоду истеҳсолоти миллиро шодоб месозанд ва тавассути он энергияи «сабз» тавлид мешаваду иқтисоди «сабз» амалӣ ва тавассути ин ҳарду иқтисоди рақамиву инноватсионӣ рушд менамояд ва мақоми ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ дар ин самт боло меравад.

Дар зимн, Истиқлолияти давлатӣ шароите фароҳам овард, ки тибқи он ҳар фарди ташаббускору созанда метавонад истеъдоду тавоноии хешро зоҳир намуда, комёб гардад. Истиқлоли ҷомеа, пеш аз ҳама, аз истиқлол ё худ озодии конститутсионии фард иборат мебошад. Давлат тавассути қонунҳои амалкунанда истиқлоли фард, хонавода ва ҷомеаро дифоъ мекунад. Такмилёбӣ ва ба кор даромадани механизмҳои дар Конститутсия ва дигар қонунҳо ҷойдошта ҳатман аз ташаббус ва масъулияти тарафайн – шаҳрвандон ва сохторҳои давлатӣ сахт вобаста аст. Бо ташаббус ва раъйдиҳии шаҳрвандон арзишҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳуқуқҳои ҳар шаҳрванд устувор мешаванд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози фаъолияти сиёсӣ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таваҷҷуҳи зарурӣ намуда, дар ин самт аз тамоми имконоти мавҷуда истифода менамояд. Ба унвони ҳадафҳои стратегӣ дар барномаи сиёсию иҷтимоии Ҳукумат ҷой додани масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти иртиботӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ниҳоят, тавлиду бозтавлиди ҷойҳои корӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани наслҳои ҷавон, миёнсол ва солманди мамлакат маънои онро дорад, ки элитаи сиёсӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоту масоили муҳимми иҷтимоӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, фарҳангӣ ва фикрӣ ҳамарӯза саъю талош меварзад.

Дар партави ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид Президенти мамлакат аз оғози солҳои дуҳазорум бо ҷиддият масъалаи таъминоти аҳолиро бо оби тозаи ошомиданӣ ба миён гузошта, ҷараёни ҳамкорию шарикиро бо созмонҳои марбута вусъати тоза бахшиданд. Бар мабнои он, рӯйдоди муҳиме, ки дар таърихи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид ба вуқуъ пайваст, ин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани ибтикороти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи истифодаи об мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати пайгирона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳалли масъалаҳои дохилию сатҳи минтақавӣ инчунин баҳри ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус масоили вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, ҳанӯз аз оғози солҳои 2000 таваҷҷуҳи махсус намуда, пайваста иқдому ташаббусҳо пешниҳод менамояд.

Албатта, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат оид ба масъалаи  об бо роҳи осон не, балки дар асоси далелу мушоҳидаҳои амиқ ва илман асоснокшуда хулосабарорӣ гардида, ба рафъи мушкилоти инсоният нигаронида шудаанд. Маҳз дар асоси ин иқдом бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи мушкилоти об танҳо давоми 20 соли охир панҷ Қатънома қабул намуд, ки нишонаи баланди эътирофу эҳтиром ва далели раднопазиру мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ собит мекунад. Илова бар ин, бо ташаббуси Пешвои миллат масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, ки дар идора, истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ афзалияти аввалиндараҷа дорад, инчунин дигар масоили марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид намудаанд, ки ин худ яке аз дастовардҳои муҳими чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, дар таърихи рушди инсоният саҳифаи наверо зам хоҳад намуд.

Мақсад аз ибрози ин нуктаҳои муҳим равшан шудани моҳияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои марбут ба об, оби тоза, сарчашмаҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, дипломатияи об, истифодаи муассиру оқилонаи он буда, ҳадафи калидии онҳо, ба андешаи ман, ҳалли яке мушкилоти умдаи башарият, яъне раҳоӣ аз буҳрони обӣ ба ҳисоб меравад. Ба ин далел, ки ҷаҳони муосир гирифтори буҳронҳои шадиди сиёсӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ буда, буҳрони вобаста ба оби тоза аз ҷумлаи муҳимтарин ва мушкилтарини онҳо аст. Гарчанде танҳо инсонҳои комил ва сиёсатмадорони барҷаста онро дарк ва роҳи ҳалли онро меҷӯянду меёбанд, Пешвои миллати мо маҳз дар ин ҷода ягона мебошанд.

Тавре ки мо шоҳид ҳастем, 14 декабри соли 2021 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 154 мамлакати аъзои СММ пазируфта шуд.

Қабули чунин қатъномаи муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи мо, олимони тоҷик ва инчунин аҳли ҷомеа маҳсуб мешавад.

Дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти мамлакат аз ҷониби давлатҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

  • Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
  • Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
  • Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
  • Соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Дар қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор ба сароҳат дарҷ гардидааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густардаи креосфера гардида, дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани сифат ва миқдори маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст. Теъдоди зиёди ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.

Афзун ба ин, бо ҳамоҳангии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар доираи муқаррароти қатъномаи мазкур Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимод ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад, ки ҳадафи усулии он таҳқиқоти бунёдӣ оид ба масоили омӯзиши пиряхҳо мебошад. Бешубҳа, қабули ин гуна қатънома  барои ба вуҷуд омадани палатформае замина мегузорад, ки  олимон, сиёсатмадорон ва аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонанд масъалаи роҳҳои омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро коркард ва онҳоро татбиқ намоянд.

Ҳамин тариқ, иқдомоти созандае, ки дар Тоҷикистони азизи мо дар даврони Истиқлолияти давлатӣ амалӣ гардиданд, албатта, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат- Пешвои муаззами миллат ва заҳмати содиқонаи мардуми шарифу сарбаланди тоҷик амалӣ шуданд. Ба хотири ҳифзи ин неъмати бебаҳои таърихӣ, яъне истиқлолияти давлатӣ, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳар яки мо вазифадорем, ки минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва саъю кӯшиши худро ба ин роҳи пуршараф сафарбар созем ва бо заҳмати содиқонаи худ Ватанамонро боз ҳам ободу зебо ва давлати соҳибихтиёрамонро пешрафтаву муқтадир гардонем. Аз ин гузашта, ҳар давлат, ки махсусияти миллӣ мегирад, қабл аз ҳама, бар пояи иқтидори сиёсӣ, ҳарбӣ-интизомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ устувор шуда, рисолаташро дар маҳдудаи хидмат ба мардум ва ҷомеа анҷом медиҳад. Аз ин нуқтаи назар, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давра ва марҳилаи ҳассоси таърихи миллӣ рӯйи кор омад, аз рӯзҳои нахустин бо мушкилоти рӯзафзуни сиёсӣ, фикрӣ, мафкуравӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ мувоҷеҳ гардида, маҷмуаи масоилу мушкилоти мавҷударо ба таври тадриҷӣ ҳал намуда, ба марҳилаи сифатан нави давлатдорӣ ворид шуд.

Инак, давлати миллии мо -Тоҷикистони азиз сию ду сол боз дар фазои Истиқлоли сиёсию давлатӣ ва низоми давлатдории дунявӣ зиндагӣ менамояд. Аз ин интихоби дурусту мантиқӣ ҷомеа ва мардуми тоҷик зараре надидааст, баръакс, тавассути ин низоми сиёсӣ ба маҷрои нави зиндагӣ гом бардошта, ба сӯйи фатҳи қуллаҳои мурод ҳаракат менамояд.

Фарҳод РАҲИМӢ,
академик, президенти  Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон, раиси кумитаи Маҷлиси
миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти
Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон,
ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ,
воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ

АКС: АМИТ «Ховар» 

 

 

Август 25, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун ду кӯдакистон ва ду бинои иловагии муасисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Ҳисор-Шарора-Чимтеппа бо ҷалби соҳибкорон таъмир мегардад
Дар шаҳраки 13-уми шаҳри Хуҷанд барои пиронсолон мавзеи фароғат месозанд
Дар маҳаллаи «Зафар»-и Истаравшан маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 12 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТӢ ДАВЛАТӢ. Дар Бохтар майдончаи кӯдакона ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ корхонаи сангу шағал ва истеҳсоли бетон ифтитоҳ ёфт
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад