Кишоварзии ноҳияи Айнӣ хушкмеваҳои аз чиҳати экологӣ тозаро пешниҳоди сокинони Душанбе намуданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияи Айнӣ баргузор шуд.
Тавре мухбири АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, сокинону меҳмонони пойтахт аз намоиш-фурўши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Айнӣ хушкмева- донаи зардолу, ғулинг, тут, чормағз, хуч, меваҳои консервашуда, сабзавот, донагиҳо- мош, лўбиё, нахўд, асал, курут ва гўшти говро бо нарҳои нисбат ба бозор арзон харид намуданд.
Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ маҳсули дасти устоҳо ва дўзандагони чирадасти ноҳияи Айнӣ манзури иштирокдорон гардид.
Варзишгарони ноҳия низ дар ин макон дастоварҳои худро дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба намоиш гузоштанд.
Барномаи фарҳангиву адабии санъаткорони ноҳия аз соати 17:00 то 20:00 баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ, Ашт, Нуробод, Кӯшониён, Мастчоҳ, Файзобод, Восеъ, Хуҷанд, Тоҷикобод, Ҷалолиддини Балхӣ, Бӯстон, Сангвор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Гулистон, Варзоб, Кӯлоб, Истаравшан, Роғун ва Вахш, Истиқлол, Шуғнон, Ёвон, Зафаробод, Рӯшон, Дӯстӣ, Деваштич, Ванҷ, Левакант, Норак, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Дарвоз ва Бохтар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.
Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.
АКС: АМИТ «Ховар»


















ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






