ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО-2023/24. Рақибони дастаи «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 24.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯи натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2023/24 қаҳрамони Тоҷикистон-дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба гурӯҳи «Е» шомил шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Рақибони бошгоҳи Душанбе дастаҳои «Персеполис» (Эрон), «Ал-Дуҳайл» (Қатар) ва «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) хоҳанд буд, ки ба ҳайати он капитани дастаи миллии Португалия Криштиану Роналду шомил аст.
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозии якуми худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2023/24 дар майдони худ бо тими «Ал-Дуҳайл»-и Қатар анҷом медиҳад. Ин дидор 18 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар минтақа, инчунин се даста, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойи дуюмро мегиранд, ба даври 1/8-ниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.
Натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24:
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»:
«Пахтакор» (Узбекистон)
«Ал-Фейҳа» (Арабистони Саудӣ)
«Аҳал» (Туркманистон)
«Ал-Айн» (АМА)
Гурӯҳи «В»:
«Ал-Садд» (Қатар)
«Насаф» (Узбекистон)
«Ал-Файсалӣ» (Урдун)
«Шарҷа» (АМА)
Гурӯҳи «С»:
«Ал-Иттиҳод» (Арабистони Саудӣ)
«Сипоҳон» (Эрон)
«Эйр Форс (Ироқ)
AГМК (Узбекистон)
Гурӯҳи D:
«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)
«Нассоҷи Мозандарон» (Эрон)
«Мумбай Сити» (Ҳиндустон)
«Навбаҳор» (Узбекистон)
Гурӯҳи «Е»:
«Персеполис» (Эрон)
«Ал-Дуҳайл» (Қатар)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






