Мегабайтҳо – ҳамчун туҳфа барои дақиқаҳои зангҳо дар VoLTE
ДУШАНБЕ, 24.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. МегаФон Тоҷикистон иқдоми «VoLTE 2023»-ро оғоз менамояд. Дар смартфони худ технологияи VoLTE-ро фаъол намуда, алоқаи овозии сифати навро истифода баред. Барои ҳар дақиқаи суҳбат муштарӣ 1 Мб трафики интернетро ҳамчун туҳфа ба даст меорад. Мегабайтҳои туҳфавӣ дар як ҳафта як маротиба пешниҳод мегарданд. Иқдом то охири моҳи октябр давом менамояд.
VoLTE ё Voice over LTE — технологияи алоқа мебошад, ки барои якбора занг задан ва истифода бурдани интернети босуръат дар шабакаи 4G/LTE имконият медиҳад. Агар пештар барои занги овозӣ смартфон бояд аз шабакаи насли чорум ба 2G/3G мегузашт ва боз барқарор мешуд, пас ҳоло ин шарт нест. Афзалияти дигари VoLTE — пайвастшавии зуд бо ҳамсуҳбат ( ҳамагӣ 1,5 сония вақт мегирад) ва садои тоза мебошад.
Барои иштирок дар иқдоми «VoLTE 2023» муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бояд тариқи суроғаи https://volte2023.megafon.tj/ ба қайд гирифта шуда, рақами абонентии худро нишон диҳад. Сипас — рамзи тасдиқи тавассути SMS-паёмаки аз оператор дастрасшуда ворид гардида, розигӣ бо шартҳои иқдом, бо пахши тугмаи «Иштирок кардан мехоҳам» баён мешавад. Пас аз ин дар танзимоти гаҷети худ VoLTE-ро фаъол намуда, тариқи технологияи нав занг зада метавонед.
Барои пайваст кардани хизматрасонӣ дар дастгоҳҳои Apple ба қисмҳои «Настройки» — «Сотовая связь» — «Параметры данных» — «Голос и данные / LTE» — «VoLTE» гузашта, воситаро фаъол созед.
Дар смартфонҳои Xiaomi (Redmi) самти амал чунин аст: «Настройки» — «SIM‑карты и мобильные сети» — «Настройки SIM‑карт» ё «Ваша SIM‑карта» — «VoLTE». Агар воситаи пайвасткунӣ/қатънамоӣ мавҷуд набошад, барои фаъол кардани технология рақамчинии USSD-дархости *#*#86583#*#* лозим меояд.
Дар дастгоҳҳои Samsung роҳи фаъолкунӣ чунин аст: «Настройки»- «Подключения» — «Мобильные сети». Дар ин банд воситаро дар ҳошияи «Вызовы по VoLTE» фаъол намоед.
Дар шабакаи 4G занг занед ва барои ҳар дақиқаи суҳбат бо садои тоза як мегабайт интернет ба даст оред!
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон








Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






