Мегабайтҳо – ҳамчун туҳфа барои дақиқаҳои зангҳо дар VoLTE

Август 24, 2023 15:41

ДУШАНБЕ, 24.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. МегаФон Тоҷикистон иқдоми «VoLTE 2023»-ро оғоз менамояд. Дар смартфони худ технологияи VoLTE-ро фаъол намуда, алоқаи овозии сифати навро истифода баред.  Барои ҳар дақиқаи суҳбат муштарӣ 1 Мб трафики интернетро ҳамчун туҳфа ба даст меорад. Мегабайтҳои туҳфавӣ дар як ҳафта як маротиба пешниҳод мегарданд. Иқдом то охири моҳи октябр давом менамояд.

VoLTE ё Voice over LTE — технологияи алоқа  мебошад, ки барои якбора  занг задан  ва истифода бурдани  интернети босуръат  дар шабакаи 4G/LTE имконият медиҳад.    Агар пештар  барои занги овозӣ смартфон бояд аз шабакаи насли чорум ба 2G/3G мегузашт ва боз барқарор мешуд, пас ҳоло ин шарт нест. Афзалияти  дигари VoLTE  — пайвастшавии   зуд бо ҳамсуҳбат ( ҳамагӣ 1,5 сония вақт мегирад) ва садои тоза мебошад.

Барои иштирок дар иқдоми «VoLTE 2023» муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бояд тариқи суроғаи   https://volte2023.megafon.tj/  ба қайд гирифта  шуда,  рақами абонентии   худро нишон диҳад. Сипас — рамзи тасдиқи тавассути  SMS-паёмаки  аз   оператор дастрасшуда   ворид  гардида,  розигӣ бо шартҳои иқдом,  бо пахши  тугмаи «Иштирок кардан мехоҳам» баён мешавад. Пас аз ин дар танзимоти гаҷети худ VoLTE-ро фаъол намуда, тариқи  технологияи нав  занг зада  метавонед.

Барои пайваст кардани хизматрасонӣ  дар дастгоҳҳои Apple ба қисмҳои «Настройки» — «Сотовая связь» — «Параметры данных» — «Голос  и данные / LTE» — «VoLTE» гузашта, воситаро    фаъол созед.

Дар смартфонҳои Xiaomi (Redmi) самти амал   чунин аст:  «Настройки» — «SIM‑карты и мобильные сети» — «Настройки SIM‑карт» ё «Ваша SIM‑карта» — «VoLTE». Агар воситаи пайвасткунӣ/қатънамоӣ    мавҷуд набошад, барои фаъол кардани технология рақамчинии  USSD-дархости *#*#86583#*#* лозим меояд.

Дар дастгоҳҳои Samsung  роҳи фаъолкунӣ  чунин аст: «Настройки»- «Подключения» — «Мобильные сети». Дар ин банд воситаро дар ҳошияи  «Вызовы по VoLTE» фаъол намоед.

Дар шабакаи 4G занг занед ва барои ҳар дақиқаи суҳбат бо садои тоза   як мегабайт интернет ба даст оред!

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

 

Август 24, 2023 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд