Муттаҳид карда, бароҳат бош: интернети мобилиро бо интернети хонагӣ пурра намо

Август 15, 2023 16:29

ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст дар бозори алоқаи Тоҷикистон тарофаи мобилӣ бо интернети ноқилии «Барои хона» пурра гардид. Муштариёни якумин оператори имконияти нави рақамӣ бо интихоби тарофаи нодири «Муттаҳид намо» ҳамаи намудҳои дастрасиро ба шабакаи ҷаҳонӣ истифода бурда метавонанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон» хабар доданд, пешниҳоди нав ба муштариёни тарофаҳои «Дар тамос» ё «Аз ту оғоз мегардад» дастрас аст. Онҳо имкон доранд, ки яке аз се бастаҳои бо суръати пайвастагӣ фарқкунандаро пайваст намоянд: «Муттаҳид намо 3 Мбит/с», «Муттаҳид намо 5 Мбит/с» ва «Муттаҳид намо 10 Мбит/с». Пардохт барои хизматрасонии мобилӣ ва собит дар як лаҳза гирифта мешавад. Ҳамин тариқ, метавон ду тарофаро ҳамчун як тарофа истифода намуд.

Дастраскунии ҳамаи хизматрасонии маъмулии мобилӣ дар баста бо интернети хонагӣ – ин хеле мувофиқ аст. Ба ғайр аз ин, бо пайвасткунии тарофаи нав муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» то сатҳи назаррас маблағи худро аз ҳисоби дастрасии собит сарфа менамояд. Масалан, тарофаи қаблан ҷоришудаи «Барои Хона 3 Мбит/с» 140 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад. Тарофаи шабеҳи он —  «Муттаҳид намо 3 Мбит/с» – ҳамагӣ 100 сомонӣ арзиш дорад. Агар он якҷоя бо бастаи «#Ҳамааш Осон» бо нархи 135 сомонӣ пайваст шавад, ҷамъулҷамъ супурдани маблағ дар ҳаҷми 235 сомонӣ зарур меояд. Дар алоҳидагӣ ҳамон хизматрасониҳо 275 сомонӣ арзиш медоштанд. Ҳамин тариқ, маблағ дар ҳаҷми 40 сомонӣ сарфа мешавад.

Бо тарофаҳои дигари силсилаи «Муттаҳид намо» интернети ноқилӣ ҳамчунин арзонтар хоҳад афтид. Дар бастаи «Муттаҳид намо 5 Мбит/с» он аллакай на 170, балки 140 сомонӣ арзиш дорад. Нархи «Муттаҳид намо 10 Мбит/с» бошад, дар муқоиса бо «Барои Хона 10 Мбит/с» бо арзиши 280 сомонӣ ба 200 сомонӣ баробар аст.

Ба дӯстдорони сайри интернет белимити шабона низ писанд меояд. Он ба муштариёни тарофаи «Муттаҳид намо» имкон медиҳад, ки интернетро бе маҳдудияти трафик ва бо суръатҳои аз суръати стандартӣ се-чор маротиба баландтар истифода намоянд.

Маълумоти муфассал оид ба тарофаи «Муттаҳид намо» – дар сомонаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон». Параметрҳои асосии бастаҳо – дар ҷадвали зерин.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Август 15, 2023 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад