НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Ёвон бинои САҲШ кай ба истифода дода мешавад?

Август 11, 2023 18:45

ЁВОН, 11.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо мутахассисони  бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ёвон дар се ҳуҷраи хурд фаъолият доранд, ки дорои одитарин шароити корӣ ҳам нестанд. Дар як ҳуҷраи он кабинети мудири бахш ва дар ду ҳуҷраи хурди дигар бойгонӣ ҷойгир буда, мутахассисон ба зиёда аз 200 ҳазор сокинони ноҳияи Ёвон хизмат мерасонанд. Мутаассифона, аз сабаби муҳайё нагардидани шароит  ҳамеша дар пушти дари ин бахш анбӯҳи зиёди корафтодагон дида мешавад. Вале ба ин мушкилӣ нигоҳ накарда, мутахассисони САҲШ-и ноҳияи Ёвон дар ҳуҷраҳои хурди  пур аз корафтодагон ба сокинони ноҳия хизмат мерасонанд.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон 10 август зимни нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд вобаста ба ин мушкилӣ иброз доштанд, ки «мо имконияти бо ҳуҷраи корӣ таъмин кардан ва инчунин сохтани бинои маъмурии САҲШ-ро надорем. Агар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ барои бунёди бинои САҲШ-и  ноҳия бо мо  ҳамкорӣ намояд, мо метавонем қитъаи замин ҷудо созем».

Тибқи иттилои масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон, то оғози соли нави таҳсил дар муассисаҳои таълимии ноҳия баҳри бартараф намудани мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст 44 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода мешавад. Инчунин то охири соли 2023 бинои муассисаи таълимии рақами се барои 500 нафар хонанда дар ду баст ва бинои муассисаи таълимии рақами 69 барои 500 нафар хонанда дар ду баст сохта, ба истифода дода мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои иловагӣ ва муассисаҳои таълимии 5, 49, 8 муташаккилона идома доранд.

Талаботи ҷойи нишаст дар мактабҳои ноҳия ҳамасола зиёд мегардад. Барои мисол, соли 2023 дар ноҳияи Ёвон 2782 нафар мактабро хатм намуда, дар ҳамин сол дар муассисаҳои таълимӣ 7148 нафар кӯдакон ба синфи якум қабул шудаанд.

Барои сари вақт таъмин намудани хонандагон бо ҷойи нишаст Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, бо дастгирии соҳибкорону сокинон ва маблағгузории буҷети ноҳия давра ба давра синфхонаҳои иловагӣ ва биноҳои иловагиро ба истифода дода истодааст.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 11, 2023 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд