НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳрониро ба истифода медиҳад

Август 5, 2023 12:24

ДУШАНБЕ, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади таҳкими заминаи моддиву техникӣ, беҳтар намудани  шароити  корӣ  бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд дар доираи амалишавии лоиҳаҳо ва  маблағгузории Бонки  ҷаҳонӣ сохтмони бинои Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ ва таъмини он бо таҷҳизоти зарурӣ, ашё  ва мустаҳкам намудани иқтидори техникӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то моҳи декабри соли 2023  ба истифода дода мешавад. Чунин иттилоъ дода шуд ба хабарнигорон 4 август  зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуолода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Кумита дар самти вусъат бахшидан ба ҳамкории судманди  Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа ва шарикони рушд пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар робита ба ин кумита  якчанд созишнома  ва нақшаи чорабиниҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.  Инчунин дар доираи лоиҳаҳо  сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии  марказҳои идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ  дар шаҳрҳои Хоруғ,  Хуҷанд  ва Бохтар дар назар аст.

Ҳамзамон харидории мошинҳои сайёри фармондеҳии алоқа, марказҳои омодасозии ғаввосон ва кинологҳо дар пойгоҳи Маркази миллии тайёр намудани наҷотдиҳандагон, воқеъ дар  дараи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав,  харидории тренажорҳои  омӯзишӣ-саҳроӣ  барои омода намудани  наҷотдиҳандагон, мошинҳои махсус  барои интиқоли ғаввосон  ва сагҳо, таҷҳизоти тиббӣ барои  нуқтаи тиббӣ дар пойгоҳи  Қаратоғ, техникаву таҷҳизот барои баланд бардоштани иқтидори марказҳои  минтақавии таълимӣ-методӣ  ва баланд бардоштани омодагии аҳолӣ  барои пешгирии офатҳои табиӣ, ташкил ва гузаронидани омӯзишҳо  ба нақша гирифта шудааст.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 5, 2023 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд