«ОЛАМИ АНГУР». Дар ин хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Ашт майдони токзор сол аз сол васеъ мешавад
ДУШАНБЕ, 06.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии деҳқонии «Олами ангур»-и ноҳияи Ашт ҷамъоварии ҳосили ангур мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти вилояти Суғд қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар хоҷагии деҳқонии мазкур ҳар қитъаи замин мақсаднок истифода гардида, майдони токзор сол аз сол васеъ мешавад. Дар хоҷагӣ навъҳои гуногуни ангур истеҳсол шуда, ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла Федератсияи Русия содирот мегарданд.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо ба фаъолияти хоҷагидорон баҳои баланд дода, истифодаи таҷрибаи онҳоро дар дигар минтақаҳо зарур шуморид. Маълумот дода шуд, ки ангур дар шакли тар ва ҳам хушк содирот шуда, харидорони худро дорад.
Ҳамзамон дар идомаи сафар роҳбари вилоят бо вазъи майдони пахта дар хоҷагии деҳқонии «Суҷа» шинос шуд. Аъзои ин хоҷагӣ асосан ба парвариши пахта машғул буда, ҳамасола нақшаи истеҳсоли пахтаро барзиёд иҷро менамоянд. Раиси вилоят барои сари вақт гузаронидани корҳои агротехникӣ тавсия дода, таъкид намуд, ки аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ нақшаи истеҳсоли пахта бояд барзиёд иҷро шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






