Олимон норасоии барфро дар нисфи осоишгоҳҳои лижаронии Аврупо пешгӯӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 30.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Олимони аврупоӣ чунин мешуморанд, ки агар ҳарорати миёнаи Замин 2 дараҷа боло равад, эҳтимол аст, ки 53% осоишгоҳҳои лижаронии Аврупо ба норасоии барф дучор шаванд, гуфта шудааст дар таҳқиқоте, ки нашрияи Nature Climate Change ба чоп расонидааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Интерфакс».
Олимон дар таҳқиқот ишора менамоянд, ки сайёҳии лижаронӣ яке аз ҷузъҳои муҳими иқтисоди минтақаҳои кӯҳии Аврупо мебошад. Ҳамин тавр, дар давлатҳои аврупоӣ тақрибан нисфи ҳамаи истироҳатгоҳҳо барои дӯстдорони лижаронии кӯҳӣ ва сноубордҳо мавҷуд мебошад. Мувофиқи ақидаи муаллифони ин асар, ин соҳа дар Аврупо беш аз 32 миллиард доллар арзёбӣ мегардад.
Муҳаққиқон ҳушдор медиҳанд, ки истеҳсоли барфи сунъӣ метавонад танҳо мушкилоти норасоиро қисман ҳал намояд, ин раванд боиси афзоиши партовҳои гази карбон мегардад, ки ба гармшавии Замин бурда мерасонад.
Расонаҳои аврупоӣ ёдовар мешаванд, ки созишномаи Париж аз соли 2015 вазифаи нигоҳ доштани афзоиши ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ аз 2 дараҷаи Селсия поёнро то соли 2100 пешбинӣ хоҳад намуд.
Соли гузашта дар остонаи таҷлили соли нав бисёре аз истироҳатгоҳҳои лижаронӣ, бахусус дар Фаронса ва Швейтсария ба далели набудани барф бо маҳдудият кор намуданд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






