ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ». Намояндагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ғолиби он дониста шуданд

Август 14, 2023 17:59

ДУШАНБЕ, 14.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни «Дастархонороӣ» баргузор гардид. Тибқи баҳогузории ҳакамони озмун, намояндагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сазовори ҷои якум гардиданд. Ҷои дуюм ба намояндагони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дода шуд. Намояндагони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ваҳдат ва Ёвон сазовори ҷойи сеюм гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар даври ниҳоии озмун намояндагони шаҳру ноҳияҳое, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта буданд, иштирок намуданд.

Ҳадафи ташкили озмуни «Дастархонороӣ» — ин эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги дастархонороӣ мебошад.

Иштирокчиёни озмун аз шаҳри Исфара ва ноҳияи Тоҷикобод ҷои ифтихориро сазовор гаштанд. Ҳамаи ғолибон бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин иштирокчии фаъоли даври ниҳоии озмун Манижа Алиева бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид.

АКС: Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 14, 2023 17:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид