Пагоҳ дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияҳои Айнӣ, Лахш, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Фархор доир мегардад

Август 25, 2023 18:11

ДУШАНБЕ, 25.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон доир мегардад. Намоиши ноҳияи Айнӣ дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ», ноҳияи Лахш дар «Боғи Куруши Кабир», ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  дар Боғи «Низомиддин Алишери Навоӣ» ва ноҳияи Фархор дар «Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»  баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзӣ.

Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар шудааст.

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони шаҳру ноҳияҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳод мешавад.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ, Ашт, Нуробод, Кӯшониён, Мастчоҳ, Файзобод, Восеъ, Хуҷанд, Тоҷикобод, Ҷалолиддини Балхӣ, Бӯстон, Сангвор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Гулистон, Варзоб, Кӯлоб, Истаравшан, Роғун ва Вахш намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.

Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 25, 2023 18:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодии Теҳрон «Шаби мусиқии суннатии Тоҷикистон» баргузор шуд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Қатар бозиҳои тамринӣ мегузаронад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Дар Бохтар як зумра сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Душанбе ҷаласаи нахустини Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Президенти Тоҷикистон: «Зиндагии орому осудаи мардуми мо ба қимати ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ҷоннисор ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст»
«Муқаддастарин арзиши ҳаёт-дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани марзу буми Ватан мебошад», — бардошт аз ҳамоиши идона дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҳайати намояндагии Ҳизби Коммунистии Чин ба Тоҷикистон ташриф овард
Пешвои миллат: «Қувваҳои Мусаллаҳ дар айёми барои халқи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз хизмати ҷавонмардонаву таърихӣ анҷом доданд»
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот анҷом дод