Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар кони №17-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд

Август 9, 2023 09:21

ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи боздид аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ҷараёни корҳо дар кони №17 шинос шуданд.

Тибқи лоиҳа, дар кони №17 маводи гилхок коркард ва захира  мешавад. Онро ширкати паймонкори Лоти 2 “Вибилд” бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” анҷом медиҳанд.

Вобаста ба талаботи лоиҳа баъди ба анҷом расидани корҳои бетонӣ дар ядрои сарбанд хобонидани маводи гилхок аз сатҳи 984 метр шуруъ мегардад. Барои коркарди гилхок дар кони мазкур дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар чор қитъаи кон гузошта шудаанд, ки он тавассути он гилхок бо андозаҳои  0-50 ва 0-200 миллиметр истеҳсол мегардад. Ин дастгоҳҳо иқтидор доранд дар як соат ҳар кадом дар алоҳидагӣ аз 100 то 400 тонна гилхокро коркард намоянд.

Ҳаҷми лоиҳавии истифодаи маводи гилхок дар ядрои сарбанд 7,42 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад ва то сатҳи 1110 метр  3,35 миллион метри мукааб гилхок хобонида мешавад.

Мутахассисону коргарон талош меварзанд, то коркард ва захираи гилхок дар қитъаҳои кон мувофиқи нақша ба иҷро расонида шавад. Аз оғози корҳо то инҷониб дар кони мазкур зиёда аз 600 ҳазор метри мукааб гилхок коркард ва захира шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар чоҳи мавҷшикани нақбҳои обпартои СТ-4, НLО1, ки дар минтақаи поёнии кони №17 ҷойгир аст, аз моҳи июли соли равон оғоз гардиданд.

Ҳаҷми лоиҳавии корҳои хокбардорӣ дар ин мавзеъ зиёда аз 1,5 миллион метри мукааб буда, аллакай беш аз 100 ҳазор метри мукааб корҳо ба анҷом расидаанд.

Дар баромадгоҳи нақбҳои обпартои СТ-4, HLO1 ва OVS1/2  корҳои хокбардорӣ бо дарназардошти корҳои мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ дар асоси лоиҳа зиёда аз 1,46 млн метри мукаабро ташкил медиҳанд ва ҳоло дар ҳаҷми зиёда аз 700 ҳазор метри мукааб корҳо ба анҷом расидаанд.

Нишебиҳо бо роҳи насби анкерҳо, пошидани маҳлули бетонӣ ва насби лӯлаҳои заҳкаш мустаҳкам мешаванд.

Дар асоси лоиҳа дар ин қитъаи сохтмонӣ 304 ҳазору  890 метр анкерҳои АЖГ насб  мешаванд. То имрӯз 30 ҳазор метр анкерҳои АЖГ насб шудаанд.

Насби анкерҳои ПНА дар қитъаи мазкур 877 ҳазору 590  метрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии пошидани маҳлули бетонӣ аз рӯи лоиҳа 139 ҳазору 54 метри мураббаъро дар бар мегирад ва то имрӯз 25 ҳазору 365 метри мураббаъ маҳлули бетонӣ пошида шудааст.

Ҳоло корҳои мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ дар асоси лоиҳа ва нақшаи тасдиқгардида бо сифати баланд идома  доранд.

Аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” барои сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар қитъаҳои гуногун зиёда аз 5 ҳазору 800 нафар кормандону муҳандисон ва беш аз 950 техникаю механизмҳо ба кор ҷалб шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти назарраси  коргарону мутахассисон дар кони №17 дар самти коркард ва захирасозии гилхок, ки дар ядрои сарбанд истифода мегардад, изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳо ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Боздид аз ҷараёни корҳо дар кони №17-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” 09.08.2023

Август 9, 2023 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу ди Соуза барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Чжао Лэтсзи мулоқот намуданд
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ дар Пекин иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд