Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар кони №17-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи боздид аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар кони №17 шинос шуданд.
Тибқи лоиҳа, дар кони №17 маводи гилхок коркард ва захира мешавад. Онро ширкати паймонкори Лоти 2 “Вибилд” бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” анҷом медиҳанд.
Вобаста ба талаботи лоиҳа баъди ба анҷом расидани корҳои бетонӣ дар ядрои сарбанд хобонидани маводи гилхок аз сатҳи 984 метр шуруъ мегардад. Барои коркарди гилхок дар кони мазкур дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар чор қитъаи кон гузошта шудаанд, ки он тавассути он гилхок бо андозаҳои 0-50 ва 0-200 миллиметр истеҳсол мегардад. Ин дастгоҳҳо иқтидор доранд дар як соат ҳар кадом дар алоҳидагӣ аз 100 то 400 тонна гилхокро коркард намоянд.
Ҳаҷми лоиҳавии истифодаи маводи гилхок дар ядрои сарбанд 7,42 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад ва то сатҳи 1110 метр 3,35 миллион метри мукааб гилхок хобонида мешавад.
Мутахассисону коргарон талош меварзанд, то коркард ва захираи гилхок дар қитъаҳои кон мувофиқи нақша ба иҷро расонида шавад. Аз оғози корҳо то инҷониб дар кони мазкур зиёда аз 600 ҳазор метри мукааб гилхок коркард ва захира шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар чоҳи мавҷшикани нақбҳои обпартои СТ-4, НLО1, ки дар минтақаи поёнии кони №17 ҷойгир аст, аз моҳи июли соли равон оғоз гардиданд.
Ҳаҷми лоиҳавии корҳои хокбардорӣ дар ин мавзеъ зиёда аз 1,5 миллион метри мукааб буда, аллакай беш аз 100 ҳазор метри мукааб корҳо ба анҷом расидаанд.
Дар баромадгоҳи нақбҳои обпартои СТ-4, HLO1 ва OVS1/2 корҳои хокбардорӣ бо дарназардошти корҳои мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ дар асоси лоиҳа зиёда аз 1,46 млн метри мукаабро ташкил медиҳанд ва ҳоло дар ҳаҷми зиёда аз 700 ҳазор метри мукааб корҳо ба анҷом расидаанд.
Нишебиҳо бо роҳи насби анкерҳо, пошидани маҳлули бетонӣ ва насби лӯлаҳои заҳкаш мустаҳкам мешаванд.
Дар асоси лоиҳа дар ин қитъаи сохтмонӣ 304 ҳазору 890 метр анкерҳои АЖГ насб мешаванд. То имрӯз 30 ҳазор метр анкерҳои АЖГ насб шудаанд.
Насби анкерҳои ПНА дар қитъаи мазкур 877 ҳазору 590 метрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии пошидани маҳлули бетонӣ аз рӯи лоиҳа 139 ҳазору 54 метри мураббаъро дар бар мегирад ва то имрӯз 25 ҳазору 365 метри мураббаъ маҳлули бетонӣ пошида шудааст.
Ҳоло корҳои мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ дар асоси лоиҳа ва нақшаи тасдиқгардида бо сифати баланд идома доранд.
Аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” барои сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар қитъаҳои гуногун зиёда аз 5 ҳазору 800 нафар кормандону муҳандисон ва беш аз 950 техникаю механизмҳо ба кор ҷалб шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти назарраси коргарону мутахассисон дар кони №17 дар самти коркард ва захирасозии гилхок, ки дар ядрои сарбанд истифода мегардад, изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳо ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






