Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақби дастрасии АСТ – 3-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд

Август 9, 2023 09:10

ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақби дастрасии сохтмонии АСТ – 3-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.

Ин нақб аз сатҳи баҳр дар баландии 1043 метр воқеъ буда, дарозии он 387 метрро ташкил медиҳад. Дар айни замон корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии муваққатӣ аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” идома доранд. Ҷалби коргарону мутахассисони баландихтисос ва тибқи талабот пеш бурдани раванди сохтмон ҷиҳати мутобиқ ба меъёрҳои пешбинишуда ба анҷом расонидани корҳо мусоидат намудааст.

Ҳаҷми лоиҳавии корҳои нақбканӣ 22 163 метри мукаабро ташкил медиҳад. То имрӯз корҳои иҷрошуда зиёда аз 12 ҳазор метри мукааб ва корҳои боқимондаи нақбканӣ 10 136 метри мукаабро ташкил медиҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарону мутахассисон ва масъулини марбутаро ҷиҳати истифодаи самаранок аз имконоти мавҷуда, таҳкими раванди сохтмон ва дар муҳлати муайяншудаи лоиҳавӣ ба анҷом расонидани корҳо вазифадор намуданд.

Дар шохаи “А”-и нақби сохтмонии қабати 4-ум корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии муваққатӣ дар ҳаҷми 128 401 метри мукааб ба анҷом расонида шудаанд. Барои пешбурди кор техникаи замонавӣ ва мутахассисони баландихтисос ҷалб  шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, нақши Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳоло васлу насби анкерҳо, корҳои сементатсионӣ ва бетонхобонӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” идома доранд.

Бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” заминагузори рушди дучанди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат маҳсуб мешавад. Бо дарназардошти ҳамин коргарону мутахассисони ин иншооти азими аср мақсад гузоштаанд, ки уҳдадориҳоро мутобиқ ба талабот босифат ба анҷом расонанд ва дар бунёди иншооти аср саҳм гузоранд. .

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳолати бинои дарвозаҳои садамавӣ — таъмирӣ ва асосии нақби сохтмонии қабати 4-ум шинос шуданд.

Иншоот аз сатҳи баҳр дар баландии 1099 метр ҷойгир буда, дарозии он 70 метр, паҳноиаш 18 метр ва баландиаш 22 метрро ташкил медиҳад.

Корҳо дар иншоот аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” анҷом дода мешаванд.

Вазифаи асосии иншоот ба танзим даровардани фаъолияти иншоот дар давраҳои зарурӣ ба ҳисоб меравад.

Дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашӣ корҳои бетонхобонии конструктивӣ аз тарафи коргарону мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” иҷро шуда истодаанд.

Корҳои нақбканӣ 29 885 метри мукааб ва корҳои бетонхобонӣ 347 метри мукаабро ташкил медиҳанд. Дар айни замон арматурбандӣ ҷиҳати идома додани корҳои бетонхобонӣ идома дорад. Сифати кор ҳамарӯза назорат шуда, мутобиқ ба талабот анҷом дода мешавад.

Дарозии нақби сементатсионӣ ва заҳкашӣ тибқи лоиҳа 605 метр буда, нақби мазкур барои иҷрои пурраи корҳои сементатсияи пардаи оббанд ва заҳкашӣ хизмат мерасонад.

Бунёди неругоҳи барқи обии “Роғун” дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ саҳми калон мегузорад ва коргарону мутахссисони ин иншооти азими аср бо истифода аз шароити зарурӣ дар майдони меҳнати созанда пайи анҷом додани корҳои бунёдӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва садоқатмандона саҳм мегузоранд.
Боздид аз ҷараёни корҳо дар нақби дастрасии АСТ – 3-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” 09.08.2023

Август 9, 2023 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд
Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон мераванд
Президенти Тоҷикистон: «53 ҳазор нафар занон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ ва прокуратура таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иштирок намуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд