Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар майдончаи назоратии болои «Бинои технологӣ»-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд

Август 9, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафар  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдончаи назоратии болои “Бинои технологӣ”-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварда, бо ҷараёни корҳо дар қисми поёнии сарбанд шинос гардиданд.

Ҳоло барои бунёди қисмҳои болоӣ ва поёнии сарбанд мошину механизмҳои муосиру замонавӣ, аз қабили техника ва мошинҳои калонҳаҷми борбардор барои кашонидани сангу шағал, дастгоҳҳои муқтадир барои тозакунии паҳлуҳои кӯҳҳо ҷалб гардида, корҳо мувофиқи нақшаи тасдиқгардида идома доранд.

Аз ҷумла, то ба имрӯз хобонидани маводи сангу шағал дар қисми болоии сарбанд то сатҳи 1140 метр иҷро гардида, дар ҳаҷми 13 миллион метри мукааб мавод хобонида шудааст.

Ҳамин гуна, кор дар қисми поёнии сарбанд низ бомаром ҷараён дошта, хобонидани сангу шағал дар сатҳи 1083 метр идома дорад. Дар қисми поёнии сарбанд ба андозаи 6 миллион метри мукааб мавод аз анборҳои захиравӣ кашонидаву хобонида шудааст. Дар маҷмуъ дар қисматҳои болоӣ ва поёнии сарбанд ҳудуди 19 миллион метри мукааб  мавод хобонида ва мустаҳкам шудааст.

Тозакунии паҳлуҳои кӯҳҳо дар қисмати ядрои сарбанд аз сатҳи 1300 метр то 990 метр қисман ва аз сатҳи 990 метр то сатҳи 960 метр пурра иҷро гардидааст. То ба имрӯз дар ҳаҷми зиёда аз 2,7 миллион метри мукааб корҳои хокбардорӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Ҷиҳати  бунёди саривақтии иншооти мазкур кор  ба таври шабонарӯзӣ амалӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки ҳар қабати маводи хобонидашуда аз ташхиси озмоишгоҳӣ   гузаронида мешавад ва барои бунёди ин қитъа сангу шағал ва ҷинсҳои кӯҳӣ дар доираи тарҳи тасдиқгардида истифода   мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба масъулин барои иҷрои саривақтиву босифати корҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дода, мутахассисонро вазифадор намуданд, ки назорати сифати ҳар қабати биефи поёнии сарбандро ҷиддиву ҳамаҷониба амалӣ намоянд, то иншооти мазкур дар доираи меъёру талаботи байналмилалии соҳавӣ бунёд шавад.

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз майдончаи назоратии болои “Бинои технологӣ”-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” 09.08.2023

Август 9, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар