Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Соҳир Шамшодро ба ҳузур пазируфтанд

Август 28, 2023 17:35

ДУШАНБЕ, 28.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Соҳир Шамшодро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла дар самти амният ва мудофиа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон ва Покистон дар арсаи сиёсӣ ва соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла энергетика, нақлиёту коммуникатсия, ҳамчунин фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ ҳамкориҳои қобили таваҷҷуҳро ба роҳ мондаанд.

Сарвари давлати мо зимни изҳори қаноатмандӣ аз раванди босамари имрӯзаи робитаҳои сиёсии тарафҳо сатҳи бовариву эътимодро миёни ду давлат дар сатҳи олӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Пешвои миллат дар баробари таъкиди ҳамёрии ду кишвар дар самтҳои амният ва мудофиа тамосҳои доимии намояндагони сохторҳои соҳавии ҷонибҳоро дар ин раванд ба суди ду мамлакат маънидод намуданд.

Ҷонибҳо аз равандҳои ташвишовари замони муосир ёдовар шуда, ба зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳояшон дар соҳаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо таъкид намуданд.

Зимни мулоқот ҳамзамон дар робита ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули назар анҷом гирифт.
Мулоқот бо Раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Соҳир Шамшод 28.08.2023

Август 28, 2023 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд