САФАРИ КОРИИ ТАЪРИХӢ ВА МАНФИАТОВАР: Боз як қадами устувор дар роҳи таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Қазоқистон гузошта шуд

Август 28, 2023 14:28

Эмомалӣ Раҳмон: «Барои таваҷҷуҳи зиёд ва дастгирии пайваста ҷиҳати ташкил ва гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва намоиши маҳсулоти кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкент ниҳоят миннатдор мебошам. Ин чорабиниҳо нишонаи воқеии рушди муносибатҳо ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошанд. Хурсандибахш аст, ки муносибатҳои давлатҳои мо сатҳи баланди ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ доранд. Рушди минбаъдаи ин муносибатҳо аз самтҳои ояндадори сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад».

Қосим-Жомарт Токаев: «Ба мардуми бародари тоҷик дар Қазоқистон эҳтирому самимияти зиёд доранд. Мардуми Қазоқистон мехоҳанд Тоҷикистони муосирро бештар шиносанд ва кӯшиш менамоянд, ки бо фарҳанги бойи тоҷик аз наздик шиносоӣ пайдо намоянд. Ин аст, ки ҳамин иқдомҳои муосири Шумо оид ба ташкили чунин чорабиниҳои бузург дар байни сокинон ва меҳмонони Қазоқистон ҷонибдории амиқ пайдо намуд».

ДУШАНБЕ, 28.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 август дар шаҳри Остона ҳаво ниҳоят хуб, беғубору муътадил буд ва насими фораму ҷонбахш мевазид. Намояндагони якчанд расонаҳои хабарии Қазоқистон вазъи хуби ҳаворо аз баракати ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон арзёбӣ менамуданд. Ба қавли онҳо, як рӯз қабл аз ин сафар, ҳаво боронию абрнок буд ва бо файзу баракати қадами муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борон гарду ғуборро шуста, шаҳрро тозаю озода гардонда, Остонаро боз ҳам зебою пурнакҳат намуда буд.

Нимаи дуюми рӯзи 25 август, баъди он ки тайёраи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Остона фуруд омад, бо нишони баланди эҳтирому самимият барои истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ташриф оварданд.

Роҳбари давлате, ки дар минтақа ва ҷаҳон ҳам дар сиёсат, ҳам дар иқтидору имконот ва ҳам ҳудуду масоҳат мақоми шоиста дорад, бо дарназардошти самимият ва эҳтироми зиёд ба Пешвои миллати тоҷикон ва мардуми тоҷик шахсан ба фурудгоҳ ташриф оварда, бо ин амал бори дигар собит намуд, ки рушди муносибатҳо бо Тоҷикистон дар сиёсати давлатии Қазоқистон низ афзалияти бештар дорад.

Ба мулоқоту музокирот, чорабиниҳои бузурги ташрифотӣ, саноатию кишоварзӣ ва фарҳангӣ дар пойтахти Қазоқистон- шаҳри Остона суҳбати хоссаи Сарони ду давлат дар толори пазироии фурудгоҳ аллакай оғоз бахшид ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ташкили рӯзҳои фарҳангӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ дар се шаҳри бузурги Қазоқистон тадбири ниҳоят муҳим ва саривақтӣ дар роҳи рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ арзёбӣ гардид.

Дар ҳамин из аст, ки рӯз, 25 август дар Қасри Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон «Оқ-Орда» мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардида, зимни он муҳимтарин самтҳои муносибатҳои байнидавлатии дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷониби Қазоқистон барои истиқболи самимӣ, таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ҷиҳати баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва намоиши маҳсулоти кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкент изҳори сипос намуданд.

Изҳори итминон шуд, ки ин чорабиниҳо, ки бахшида ба 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии давлатҳо доир мешаванд, боз як далели рушди устувори муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистон ва Қазоқистон хоҳанд шуд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки муносиботи гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон заминаи мустаҳками анъанаҳои таърихӣ дошта, давоми солҳои охир дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳ босуръат равнақ ёфтаанд.

Ҷонибҳо аз ҷумла ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ҳамчунин гардиши молу маҳсулот байни давлатҳо, ки танҳо дар шаш моҳи соли 2023 ҳаҷми он қариб ба 600 миллион доллар расидааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Сарвари давлати мо таъкид намуданд, ки Қазоқистон дар низоми умумии робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон имрӯз мақоми пешсаф дорад.

Изҳори итминон шуд, ки ҷонибҳо қодир ҳастанд нишондиҳандаҳои солонаи тиҷоратии дуҷонибаро ояндаи наздик то ба 2 миллиард доллар расонанд.

Баробари соҳаи тиҷорат, ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои коркарди маҳсулот, саноати кӯҳӣ ва сабук, нақлиёту коммуникатсияҳои транзитӣ, энергетика, маҷмаи агросаноатӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва варзиш густариш меёбанд.

Инкишоф додани робитаҳои зиёиён, ходимони фарҳанг, адабиёт, санъат ва муассисаҳои маданию гуманитарӣ зарур шумурда шуд.

 

 

Дар идомаи суҳбат ҳамкории байнидавлатӣ дар самти амният дар сатҳи дуҷониба ва дар чаҳорчӯби ташкилоти байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо дар ин зимн, аз ҷумла атрофи мавзуи тағйирёбии иқлим, масъалаҳои афзоиши таҳдиду хатарҳои терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, бо шумули қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ табодули андеша намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин оид ба мавзуъҳои рӯзномаи байналмилаливу минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Дар мулоқоту музокироти байнидавлатӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки «сафари Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нигоҳи рушди воқеии муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи ду давлат аҳамияти бузург дорад. Мо пурра ва асоснок шарикии стратегӣ ва муносибатҳои иттифоқии давлатҳоямонро таъкид намуда метавонем. Ташрифи Шумо ба Остона барои ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангӣ далели воқеии ҳама гуфтаҳои мо мебошад».

Дар идомаи музокироти байнидавлатии сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷониби Тоҷикистон барои қабули қарорҳои мушаххас дар таъмини иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи обу энергетика изҳори миннатдорӣ намуданд, ки далели воқеии таваҷҷуҳи рӯзафзуни Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва дӯстонаю бародарона бо ҷониби Қазоқистон мебошад.

Муаррифии фарҳанг ва санъати волою нотакрори тоҷикон дар Қазоқистон

Бегоҳии 25 август саҳни даромадгоҳ ва толори пазироию асосии Театри давлатии опера ва балети «Остона –Опера» тантанаи идона дошт ва иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар тантанаи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ин чорабиниҳоро шукуҳмандтар намуд. Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ,  Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар даромадгоҳи Театри давлатии опера ва балети «Остона- Опера» дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон бо намунаи эҷоди дастони ҳунармандон ва рассомони боистеъдоди  тоҷик шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ маҳсули дастони ҳунармандони тоҷик, шумораи зиёди мусаввараҳои бадеӣ ва аксҳо, намунаи либосҳои миллӣ пешкаши меҳмонони олимақом шуд.

Сарони давлатҳо баъди тамошо ба сатҳи намоишгоҳ ва намунаи шоҳкориҳои ҳунармандон ва мусаввирони тоҷик баҳои баланд доданд.

Дар ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз номи ходимони фарҳанг, санъат ва аҳли адабу ҳунари тоҷик ба Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои дастгирии ҳамаҷониба дар ташкил ва баргузории ин намоиши муҳими фарҳангӣ изҳори миннатдории бепоён карда шуд.

Дарвоқеъ, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳрҳои бузурги Ҷумҳурии Қазоқистон — Остона, Алмато ва Шимкент — ин аввалин иқдоми густурдаи фарҳангию башардӯстона дар ин сатҳ дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад, ки бо ташаббусу дастгирии роҳбарони ду давлати бо ҳам дӯст баргузор гардид.

Таъкид бояд намуд, ки зимни сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон ва дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз 24 то 29 август дар шаҳрҳои Остона, Алмато ва Шимкент барномаҳои консертӣ, намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо, либосҳои миллии тоҷикон ва филмҳои бадеию таърихӣ баргузор шуд.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанг дар шаҳрҳои Остона ва Алмаато ҳамчунин ҳамоишҳо ва суҳбату мулоқотҳои намояндагони зиёиёни эҷодкори тоҷику қазоқ ташкил ва баргузор гардид.

Дар маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон барномаи бошукуҳу рангини устодони санъат ва ҳунармандони тоҷик пешниҳод шуд, ки бисёр хотирнишину фараҳбахш ва таҷассумгари дӯстии халҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон буд.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарони давлатҳо, хусусан дар солҳои охир ба густариши муносибатҳои фарҳангӣ ва илмии давлатҳо дар ҳама сатҳу зинаҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар баробари таваҷҷуҳи доимии роҳбарони давлатҳо ҳамчунин Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон, ки 20 майи соли 2021 ба имзо расидааст, мусоидат менамояд.

Дар рӯзҳои таърихии таҳкимбахши ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг ва илму маориф рӯ овардан ба марҳилаҳои рушди ин муносибатҳо аз аҳамият холӣ нест.

Ногуфта намонад, ки имрӯз марказҳои фарҳангии тоҷикон дар шаҳрҳои Алмато, Қарағанда, Қустанай, Петропавловск, Тараз, Шимкент, ноҳияи Сариагаш, вилояти Ҷамбул ва Қазоқистони Ҷанубӣ амал намуда, аз моҳи феврали соли 2003 Анҷумани маркази фарҳангии тоҷикони Қазоқистон таҳти унвони «Сомониён» ташкил шудааст. Дар баробари ин дар ҳудуди Қазоқистон як муассисаи ғайридавлатии фарҳангӣ ва Маркази фарҳангии тоҷикии «Ибни Сино», ки соли 2009 ба Ассамблеяи халқии Қазоқистон ворид шудааст, амал намуда, дар таҳкими равобити илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Қазоқистон нақши муҳим доранд.

Маркази фарҳангии Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Байтерек» (дарахти ҳаёт), ки соли 2007 дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид, дар ҳаёти фарҳангии ду мамлакат муҳимтарин рӯйдод ба шумор меравад.

Барномаҳои илмиву фарҳангие, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо мақсади таҳким ва густариши муносибатҳои илмӣ ва фарҳангӣ доир гардидаанд, аз ҷумла инҳо мебошанд:

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2007 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, моҳи декабри соли 2007 дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намудани муҷассамаи 35 афсари қазоқистонӣ, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ҷони худро аз даст доданд, 21-24 октрябри соли 2008 баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки гурӯҳи ҳунармандони театрҳои драмавии ба номи В. Маяковский ва ба номи М. Назарови Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Фестивали байналмилалии «Театрҳои касбии Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон» моҳҳои октябр-ноябри соли 2012 ва иштироки синамогарони Ҷумҳурии Қазоқистон дар фестивали сеюми филмҳои кӯтоҳмуддат бо номи «Навсоз» 16-20 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе.

Барномаҳои фарҳангие, ки ин навбат дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардиданд, хеле бошукуҳу тантанавӣ ва бузургу хотирмон буда, аз нахустин чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ мебошанд, ки бо иштироки роҳбарони ду давлат расман оғоз гардиданд. То 29 август дар шаҳрҳои бузурги Қазоқистон, ба мисли Остона, Алмато ва Шимкент барномаҳои консертӣ, намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо, либосҳои миллии тоҷикон ва филмҳои бадеию таърихӣ доир мегарданд, ки тантанаи воқеии санъату ҳунар ва фарҳанги волои тоҷикон хоҳанд буд.

Маҳсулоти кишоварзию саноатии Тоҷикистон- босифат ва рақобатпазир. Имконияти бузурги муаррифии маҳсулоти Тоҷикистон дар Қазоқистон

Аз тадбирҳои дигари сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон- ин иштироки роҳбарони ду давлат дар намоиши маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ мебошад, ки воқеан сатҳи ташкил ва фарогирии он дар пойтахти Қазоқистон-шаҳри Остона сокинон ва меҳмонони онро дар ҳайрат гузошт.

Субҳи барвақти 26 август дар майдони бузурги намоишгоҳи шаҳри Остона фазои тоҷикона тантана дошт. Савту навои тоҷикӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзию саноатии Тоҷикистон, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии тоҷикон майдони намоишгоҳи Остонаро шукуҳманду хотирмон гардонида, ба майдони бузурги таҳкимбахши дӯстию бародарии ду миллати таърихӣ- тоҷику қазоқ табдил ёфта буд.

Роҳбарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баробари ташриф овардан ба макони баргузории намоишгоҳ онро расман ифтитоҳ бахшиданд.

Таъкид бояд намуд, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаву мувофиқаҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев ташкил гардида, то 29 август дар шаҳрҳои Остона, Алмато ва Шимкент гузаронида мешаванд.

 

Ногуфта намонад, ки барои ташкили намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон тавассути зиёда аз 60 мошини боркаш қариб 3 ҳазор тонна молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Остона, Алмато ва Шимкенти Қазоқистон интиқол дода шуданд.

Дар намоишгоҳи Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмато ва Шимкенти Қазоқистон маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили полезиҳо, меваҷот, сабзавоти тару тоза, молҳои саноати хӯрокворӣ, ба монанди нӯшокиҳои ташнагишикан, машрубот, консерваҳо, маҳсулоти қаннодӣ, нассоҷӣ, қолинбофӣ ва ғайра пешниҳоди шаҳрвандон ва меҳмонони Қазоқистон мешаванд.

Инчунин намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ аз ҷониби намояндагони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ пешкаш гардида, расму оини миллати тоҷик, нигораҳои миллӣ, катҳои бо нақшу нигори миллӣ кандакоришуда, либосҳои миллии занона ва мардона муаррифӣ мегарданд.

Ҳамзамон дар се шаҳри калони Қазоқистон гӯшаҳои таомҳои миллӣ ташкил шудаанд, ки дар онҳо аз тарафи ошпазҳо ва кадбонувон хӯрокҳои гуногун ва нонҳои ҳархела омода ва пешкаши сокинону меҳмонони ин шаҳрҳои калони Қазоқистон мегарданд.

Илова бар ин дар доираи намоиш-фурӯши молу маҳсулот барои фароғати меҳмонон ва ҷиҳати муаррифии фарҳанги тоҷик барномаҳои консертӣ бо иштироки аҳли ҳунару санъати тамоми минтақаҳои Тоҷикистон доир мешаванд.

Майдони умумии намоишгоҳ дар шаҳри Остона 7 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин масоҳат 40 хайма барои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ташкил гардидаст.

Дар шаҳри Алмато дар масоҳати 1 гектар намоишгоҳи Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар ҳудуди майдони намоишгоҳ 10 хайма барои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ сохта шудааст.

Масоҳати замини намоишгоҳи Тоҷикистон дар шаҳри Чимкент 1 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо 16 хайма барои маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст.

Баргузории чунин чорабиниҳо агар аз як ҷониб муаррифии фарҳангу маданияти бою қадима ва дастовардҳои миллати тамаддунофари тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ бошад, аз дигар тараф омили муҳими таҳкимбахши дӯстию бародарии мардумони Тоҷикистон ва Қазоқистон аст, ки бо ирода ва дастгирии Сарони ду давлат амалӣ карда мешавад.

Воқеан ду чорабинии бузурги сатҳи давлатӣ- Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намоиши  маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон бори дигар собит менамоянд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи минтақа ва ҷаҳон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ талошу заҳматҳои зиёд кашида, дар ин ҷода муввафақ гардидаанд. Имрӯз талошҳою заҳматҳои  бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳо тоҷикону Тоҷикистонро маъруфу машҳури ҷаҳониён гардонда, барои муаррифии шоистаи давлат ва миллат дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон имконият ва шароити зарурию мусоид фарҳам овардаанд. Ташкилу баргузории ин ду чорабинии бузурги давлатӣ  бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконияту иқтидори тоҷиконро дар роҳи муарифии пайвастаи таъриху фарҳанг ва ҳунару истеъдоди воло афзунтар гардонда, барои гузаронидани дигар чорабиниҳои васеъмиқёси ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳавасманд мегардонад.

Табодули таҷриба, имкони бузурги омӯзиш ва амалисозии барномаи ҳукумати электронӣ

Дар шароити рушди бемайлони техника ва технологияи муосир омӯзиши таҷрибаи Қазоқистон дар самти татбиқи ҳукумати электронӣ аз манфиат холӣ нест. Тоҷикистон низ дар самти татбиқи ҳукумати электронӣ, аз ҷумла муосир ва электронигардонии фаъолияти рӯзмарра ва хизматрасониҳо тадбирҳои муассир меандешад. Аз ҷумла, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми августи соли равон ташкил намудани низоми пардохти ғайринақдии тамоми хизматрасонии давлатӣ аз ҷумлаи ин тадбирҳои муосир мебошад.

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба  Маркази Ҳукумати рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки Маркази Ҳукумати рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон сиёсати давлатиро  дар соҳаи рушди рақамӣ  дар бахшҳои инноватсия, коммуникатсия, хизматрасониҳои давлатӣ, саноати электронӣ, инчунин рушди ҳукумати электронӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти Корпоратсияи давлатии “Ҳукумат барои шаҳрвандон” ва масъалаҳои амнияти иттилоотӣ ташаккул дода, татбиқ менамояд.

Зимни муаррифии самтҳои фаъолият ва имконияти марказ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ҷорӣ намудани хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ дастрасии аҳолиро ба хизматрасонӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ осон намуда, ҳамзамон шумораи ҳуҷҷатҳоро коҳиш дода, муҳлати гирифтани онро низ кӯтоҳ месозад ва маҳз  барои ҳалли фаврӣ ва босифати ҳама масъалаҳо  дар Қазоқистон “Ҳукумати электронӣ” таъсис дода шудааст.

Зимни шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷорӣ намудани “Ҳукумати электронӣ” тақозои замон аст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарназардошти талаботи ҷомеа ба ин раванд таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир менамояд.

Дар фарҷоми шиносоӣ бо кори марказ Ёддошти тафоҳум байни  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.

Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Масҷиди марказии шаҳри Остона ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки 18 марти соли 2019 ба бунёди масҷиди марказӣ оғоз бахшида шуда, он 12 августи соли 2022 мавриди истифода қарор гирифт.

Масҷиди марказии Остона дар масоҳати 10 гектар бунёд гардида, масоҳати умумии биноҳо 68 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Масҷид аз чор манораи баландиашон 130 метр иборат мебошад. Як манора барои тамошои сайёҳон пешбинӣ шудааст.

Дарҳои даромад аз чӯби мустаҳкам сохта шуда, бо нақшу нигори қазоқӣ оро ёфтааст.

Масҷид ба ҷуз толорҳои намозхонӣ инчунин синфхонаҳо, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ, хизматрасонию техникӣ ва осорхона дорад.

Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА
Директори АМИТ «Ховар»

ш.Остона, 25-26 августи 2023

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»

Август 28, 2023 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН. 8 зан аъзои Маҷлиси миллӣ ва 16 нафар вакили Маҷлиси намояндагон мебошанд
Дар Душанбе Созишномаи генералӣ барои солҳои 2024-2026 ба имзо расонида шуд
Асарҳои пешниҳодшуда барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 муайян гардиданд
«МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН!». Пагоҳ дар шаҳри Кӯлоб таҳти ин унвон форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор мешавад
БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР. Нақши занон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва инсондӯстӣ муассир аст
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонии бозори меҳнат тавсеа медиҳанд
Шаҳри Душанбе соли 2024 мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Рушди ҳунармандӣ ба беҳтар шудани имконияти иҷтимоию иқтисодии оилаҳо мусоидат менамояд
ТАШАББУСИ ГЛОБАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Давлати мо пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Нӯшидани чойи кабуд барои бемории дилу рагҳо, санги гурда, саратон ва қанд манфиат дорад