Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Гимназияи хусусии «Саидумар»-ро ба истифода доданд

Август 31, 2023 11:31

ДУШАНБЕ, 31.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 31 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Маҳаллаи навбунёди рақами 2 ба номи Рустам Амакии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои нави Гимназияи хусусии “Саидумар”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Таълимгоҳи мазкур дар масоҳати 72 садяк замин доман густурда, иншоот дар масоҳати 7 ҳазору 245 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва барои 2700 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Гимназия аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Рустам Саидов бунёд гардида, корҳои сохтмониро дар иншоот пудратчӣ-Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи холдингии “Осиё Гурӯҳ Тоҷикистон” ва лоиҳакаш-Корхонаи воҳиди давлатии пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотию лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” анҷом додаанд.

Мавриди тазаккур аст, ки лоиҳаи муассиса тарҳи нав буда, аз ҷониби лоиҳакашони пуртаҷриба таҳия ва ҳамаи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ риоя гардида, бори аввал дар бунёди муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе истифода шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз 4 бинои 4-ошёна иборат буда, бо дарназардошти талаботи замони муосир ва истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ бунёд гардидааст. Корҳои бунёдӣ дар таълимгоҳ соли 2019 шуруъ шуда, бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Корҳои бунёдӣ аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ иҷро гардида, ҷараёни сохтмонро мутахассисону меъморони соҳибтаҷриба назорат намуданд.

Таълимгоҳ бо тамоми инфрасохтори замонавӣ бунёд шуда, аз 66 синфхонаи муҷаҳҳаз, аз ҷумла утоқҳои омӯзиши химия, физика, биология, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ, лингафонӣ, озмоишгоҳҳо, синфхонаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, сехи қаннодӣ, ҳуҷраи махсуси духтури дандон, равоншинос, логопед, китобхона бо толори хониш ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар мактаб шароити хуби дарсомӯзӣ муҳайё гардида, тамоми синфхонаҳои фаннӣ бо лавозимот ва асбоби озмоишӣ таъмин мебошанд.

Ҳамчунин ҷиҳати оммавигардонии варзиш ва дар сатҳи баланд гузаронидани машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар муассиса толори варзишии барҳаво дар масоҳати 610 метри мураббаъ бунёд ва бо лавозимоти машқу тамрин муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ошхона барои 180 нафар ва толори маҷлисгоҳ бо 310 ҷойи нишаст ҷузъи дигари иншоот аст, ки дар истифода қарор дорад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити таълим ва имконоти дарсомӯзӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкори ҷавону ватандӯст Рустам Саидовро намунаи ибрат арзёбӣ намуданд. Сарвари давлат барои дастгирии иқдоми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи маориф ба соҳибкор изҳори сипос намуда, бунёди муассисаи таълимиро дар ин маҳаллаи навбунёд муҳим донистанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ба истифода додани бинои муҳташами Гимназия дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи соли нави таҳсил ба сокинони пойтахт мебошад. Бо ба истифода додани бинои нави Гимназияи хусусии “Саидумар” шароити таълим беҳтар гардида, дар ин замина сифати хониши муҳассилин низ баланд бардошта мешавад. Ҳоло ҳайати кормандони ин даргоҳро 80 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба ва 20 нафар корманди техникӣ ташкил медиҳад.

Зимни суҳбати самимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маорифчиёни пойтахт дастур доданд, ки аз шароити мавҷуда васеъ истифода намуда, барои дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас масъулияти баланд дошта бошанд ва бад-ин васила саҳми худро дар ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол гузоранд.

Дар навбати худ устодону мураббиёни пойтахт ба Пешвои миллат ҷиҳати фароҳамсозии шароиту имконоти сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамчун тарбиятгари насли имрӯза ваъда доданд, ки барои омода намудану ба воя расонидани ҷавонони донишманду навовар кӯшиш менамоянд ва дар рушди соҳаи калидии ҷомеа-маориф саҳми муносиб мегузоранд.

Қобили тазаккур аст, ки соҳибкори ватандӯст Рустам Саидов бо мақсади дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат ва саҳм гузоштан дар ободии диёр тасмим гирифтааст соли оянда дар шафати бинои таълимӣ боз як муассисаи томактабиро барои 600 кӯдак ба истифода диҳад. Иқдоми соҳибкорро Сарвари давлат намунаи ибрат ва воситаи муҳими баланд бардоштани сифати таълим дар зинаи таҳсили томактабӣ арзёбӣ намуданд.

Ба истифода додани Муассисаи таълимии хусусии “Саидумар” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 31.08.2023

Август 31, 2023 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун ду кӯдакистон ва ду бинои иловагии муасисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд
Роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Ҳисор-Шарора-Чимтеппа бо ҷалби соҳибкорон таъмир мегардад
Дар шаҳраки 13-уми шаҳри Хуҷанд барои пиронсолон мавзеи фароғат месозанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар маҳаллаи «Зафар»-и Истаравшан маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 12 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТӢ ДАВЛАТӢ. Дар Бохтар майдончаи кӯдакона ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ корхонаи сангу шағал ва истеҳсоли бетон ифтитоҳ ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун бинои нави шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ