Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли мебелро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ коргоҳи истеҳсоли мебелро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо намоиши маҳсулоти ин корхона шинос шуданд.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 500 метри мураббаъ бо дарназардошти талаботи замони муосир бунёд шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2020 оғоз гардида, васлу насби техникаи корӣ ва муҷаҳҳазсозии бино соли 2022 анҷом ёфтааст.
Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли мебел буда, тибқи фармоиш маҳсулот мебарорад. Бо бунёди коргоҳи нав 10 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд ва маоши миёнаи кормандон вобаста ба ҳаҷми кор аз 1500 то 3000 сомониро дар бар мегирад.
Ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ дода шуд, ки талабот ба чунин коргоҳҳо дар шароити кӯҳистон хеле зиёд буда, ҳоло маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон харидорони худро дорад.
Иқтидори солонаи коргоҳ истеҳсоли зиёда аз 4 ҳазор мебели хушсифат буда, дар оянда бо амалӣ намудани ҳамкории дуҷониба бо корхонаву муассисаҳои давлатӣ ҳаҷми истеҳсолот зиёд мешавад.
Таҷҳизоти коргоҳ насли нав буда, аз лиҳози сарфаи неруи барқ каммасраф ва бехатар мебошанд.
Ба иттилои масъулин, барои истеҳсоли мебел ашёи хом аз Туркия ва Федератсияи Русия ворид мегардад. Тарҳ ва дизайни мебел мувофиқ ба талаботи замон таҳия гардида, ба сифати кор низ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Яке аз бартарияти маҳсулоти корхонаи мазкур агар сифати хуб бошад, аз тарафи дигар, мувофиқи табъ ва фармоиши корфармо омода кардани мебел кафолати рушди минбаъдаи корхона дониста мешавад.
Корхона беш аз 20 навъи мебел, аз ҷумла мебелҳо барои хона, ҳуҷраҳои корӣ, мизу курсӣ барои муассисаҳои таълимӣ, рахти хоб барои марказҳои саломатӣ омода менамояд, ки нархҳои дастрас доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин коргоҳ ба ташаббускорон изҳори миннатдорӣ намуда, ба фаъолият шуруъ намудани онро дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ қадами муҳим дар самти рушди саноат дар ин минтақаи дурдаст номиданд.
Бунёди чунин корхонаҳои замонавӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини аҳолӣ бо кори доимӣ замина гузошта, ба боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидати фаъол менамояд.
Зимни суҳбати самимӣ коргарони коргоҳи мазкур аз ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат дар самти рушду пешрафти мамлакат изҳори сипос намуда, уҳдадор шуданд, ки дар рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми муносиб гузоранд.









Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Рашт иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ба истифода доданд
Дар Осорхонаи мероси Покистон гӯшаи мардумшиносии Тоҷикистон бо ёдгориҳои нави фарҳангӣ ва таърихӣ ғанӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд






