Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»

Август 17, 2023 18:41

«Бадахшон бо кӯҳҳои зебоманзар, пиряхҳо, чашмаҳои гарм ва мавзеъҳои таърихиву табиати нотакрори худ ҳамчун яке аз мавзеъҳои нодири сайёҳиву кӯҳнавардӣ, шикор ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Сол ба сол афзудани шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ нишонаи возеҳи имконияти васеи сайёҳии Бадахшон мебошад»

Эмомалӣ Раҳмон

Нашрияи «Ҷумҳурият» аз 15 августи соли 2023

«Ҳадафи мо таъмини зиндагии шоистаи мардум аст»

ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳифаи аввали шумораи нашрия таҳти сарлавҳаи «Пешвои миллат дар «Боми ҷаҳон» гузоришҳои муфассал оид ба сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чоп шудаанд. Бояд гуфт, ки ҳадафи сафари Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шиносоӣ бо ҷараёни табдирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинони вилоят мебошад. Дар доираи сафари корӣ Пешвои миллат бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қаълаи Хубм — Ванҷ — сарҳади ноҳияи Рӯшон шинос шуданд. Нашрия навиштааст, ки «Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо мутахассисону муҳандисон барои боз ҳам суръат бахшидан ба раванди роҳсозӣ, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин қитъа ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳадаф аз таҷдиду навсозии роҳи «Қалъаихумб — Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон» таъмини бехатарӣ ва ҳаракати муътадили воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ барои кашондани молҳои мавриди ниёзи мардум дар ҳама фасли сол, таъмини ҷойҳои корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад».

Шумораи дигари нашрияи «Ҷумҳурият», ки 16 августи соли 2023 аз чоп баромадааст, идомаи сафари кории Президенти мамлакатро инъикос карда, матни суханронии Сарвари давлатро дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз бо сарлавҳаи  «Ҳадафи мо таъмини зиндагии шоистаи мардум аст» нашр намудааст. Зимни ин суханронӣ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз бунёди роҳҳо ва инфрасохтори муосир дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз таъмин намудани рушду тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, иншооти хизматрасонӣ, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва дар натиҷаи ин иқдом зиёд гардидани даромади аҳолӣ ва буҷети маҳаллӣ мебошад».

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 14 августи соли 2023 хабарҳои расмиро дар бораи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Аннен ва тасдиқ шудани «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038» чоп намудааст. Зимнан, қабули Стратегияи мазкур намунаи олии ташаббусҳои наҷибонаи Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди бомайлони ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дониста мешавад. Нашрия ҳамчунин мақолаҳои  «Дар доираи ташаббусҳои Тоҷикистон корҳои зиёд анҷом меёбанд», «Маориф — кафили пешрафти ҷомеа», «Парварандаи равон» ва хабарҳоро аз нишасти матбуотии вазорату идораҳо оид ба фаъолияти онҳо дар шаш моҳи аввали соли 2023 нашр намудааст.

Шумораи дигари Нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 16 август сафари кории Президенти мамлакатро ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мулоқоти Пешвои миллат бо сокинони вилоят, ифтитоҳи корхонаҳои нави истеҳсоливу саноатӣ ва биноҳои таълимиву таъйиноти иҷтимоиро дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври муфассал инъикос намудааст.

Нашрияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» ва «Халқ овози» оид ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри нурофари Роғун, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти аср, мулоқот бо кормандону муҳандисони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва сафари кории Президенти мамлакат, Сарвари давлатро ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон инъикос намуда, ба хонандагони худ хабару гузоришҳои ҷолиб пешниҳод намудаанд.

«Ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ дар байни ҷавонон»

«Омӯзгор» — нашрияи Вазорати маориф ва илм оид ба марҳалаи навбатии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва вобаста ба ин баргузор шудани ҷаласаи кории комиссияи озмуни мазкур хабар нашр намудааст. Ҳамчунин дар шумораи мазкури нашрия матни Фармоиши Вазири маориф ва илм дар бораи мониторинги фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимӣ ва Фармоиш дар бораи танзими ҷалби кӯдакон ба тамошои кино, театр ва консертҳо дар ҷараёни таълим ҳамчун дастур ба кормандони соҳаи маориф бознашр шудаанд.

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар баробари инъикоси сафари кории Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мақолаҳои зеринро бо сарлавҳаҳои «Аз фатҳи майдони самбо то ҳангомаофарӣ дар гӯштини миллӣ ва ҷудо», «Истифодаи телефону планшет дар мактабҳо», «Ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ дар байни ҷавонон» ва «Ворисони ҷавони Сино»-ро нашр намудааст.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар баробари нашри хабару гузоришҳои расмӣ оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, ҳамчунин бо сарлавҳаҳои «Шоире аз табори нур», «Саҳми Абурайҳони Берунӣ дар рушди илми тиб», «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар амал» ва дигар маводи муаллифиро нашр намудааст.

А. САНГЗОДА,
АМИТ«Ховар»

Август 17, 2023 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст