Шумораи ҳалокшудагони ярч дар шимолу ғарби Чин ба 21 нафар расид
ДУШАНБЕ, 14.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 нафар ҳалок ва боз 6 нафари дигар бар асари фаромадани ярч дар вилояти Шэнсии шимолу ғарби Чин бедарак шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС итилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии «Синхуа» хабар додааст.
Мувофиқи иттилоъ, ҳодисаи фавқулода рӯзи ҷумъа дар деҳаи Вэйтсзипини шаҳри Сиан рух додааст.
Қаблан дар бораи ду нафар ҳалокшуда ва 16 нафар бедаракшудагон хабар расида буд.
Мақомоти маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳиро ташкил намудаанд, ки ба онҳо беш аз 980 нафар одамон машғул мебошанд. Ҳамзамон роҳҳои алоқа ва таъминоти барқ дар минтақаи офат барқарор мешаванд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






