Шумораи аз табларзаи денге фавтидагон дар Бангладеш аз 350 нафар зиёд шуд
ДУШАНБЕ, 10.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бангладеш давоми як шабонарӯзи охир боз 12 нафар аз зукоми денге фавтиданд. Шумораи умумии фавтидагон аз ин беморӣ дар кишвар аз аввали сол 352 нафарро ташкил додааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус директори генералии хадамоти тандурустии Бангладеш хабар додааст.
Тибқи маълумоти манбаъ, то соати 08:00 рӯзи чоршанбе ба вақти маҳаллӣ ва тайи 24 соати охир дар кишвар 2844 ҳолати нави беморӣ сабт шудааст, ки аз 2742 ҳолати нави як рӯз қабл сабтшуда зиёдтар мебошад.
Бо мақсади мубориза бо бемории афзоишёбандаи табларзаи денге идораҳои тандурустии Бангладеш чораҳои назоратиро ҷиҳати афзоиш наёфтани хомӯшакҳо ва мубориза бо кирминаҳои онҳо тақвият бахшиданд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






